Таъхири гуфтушуниди Э.Раҳмон бо Азимов: Аз парвози Душанбе-Тошканд то “виза”
Сафари ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Рустам Азимов, ноиби сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон, ки имрӯз, 26-уми декабр дар назар буд, ба таъхир афтод.
Тавре расонаҳои Узбакистон иттилоъ медиҳанд, сафари Рустам Азимов ба Душанбе 27-уми декабр сурат хоҳад гирифт. Далели таъхири боздиди ҳайати Узбакистон аз Душанбе ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия марбут дониста мешавад.
Ба иттилои манобеъ баъди бозгашт дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр Рустам Азимовро ба ҳузур пазирад ва роҳандозии хатсайри Душанбе-Тошканду содасозии низоми раводидро баррасӣ кунад. Расонаҳои Узбакистон менависанд, дар назар аст, ки зимни ин мулоқот додани равдид дар фурудгоҳҳои Тошканду Душанбе ба шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон муҳокима шавад: “Инчунин 28-уми декабр ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар пайи ҷаласа санаи дақиқи оғози парвозҳо миёни Душанбею Тошканд эълон хоҳад шуд”.
Қаблан дар Душанбе созиш шуд, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта қатъ гардиданд, аз моҳи январи 2017 оғоз хоҳанд шуд. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон соли 2000-ум роҳандозӣ шуда, аз мушкилоти аслӣ дар рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |