Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 22:28

Нилуфар Раҳмонӣ: Ба Афғонистон бармегардам

27 декабр 2016, 10:06

Нилуфар Раҳмонӣ, нахустин зани халабон дар Афғонистон, ки расонаҳои амрикоӣ хабари дархости паноҳандагии ӯро расонаӣ карданд, гуфтааст, аз ҳарфҳояш бардошти нодуруст шудааст.

Хонум Раҳмонӣ дар як нома унвонии телевизиони “Тулӯъ Нюз”-и Афғонистон навиштааст, вай дар Афғонистон мушкилоте дошт, аммо онро рӯшан намесозад. Торнамои “Тулӯъ Нюз” бо такя ба номаи Нилуфар Раҳмонӣ навиштааст, бо поён ёфтани таҳсилоташ дар Амрико ба Афғонистон бармегардад. Ин халабони низомии Афғонистон дар номааш зикр кардааст, ки дар ҷараёни давраи омӯзишии худ барои идомаи таҳсилоти олӣ ба созмонҳои хайрия пешниҳод кардааст. Ӯ бидуни зикри ҷузъиёти он дар номаи худ навиштааст: “Бино бар мушкилоти зиёде, ки дар Афғонистон сари роҳи ман қарор дошт, мехостам гузашти замон онро ҳал кунад, тарҷеҳ додам дар ҷараёни таҳсил ба созмонҳои хайрия ва таҳсилӣ пешниҳодоти идомаи таҳсили олӣ ироа намоям”.

Нилуфар Раҳмонӣ 25 сол дорад ва нахустин зани халабон дар артиши Афғонистон пас аз суқути “Толибон” мебошад. Вай дар соли 2012 таҳсилоти ҳирфаии худро такмил карда, муҷаввизи парвози ҳавопаймоҳои “C-208”-ро дарёфт кардааст. Вазорати хориҷаи Амрико соли 2015 Нилуфарро бо ҷоизаи “Занони шуҷоъ” сарфароз кард. Расонаҳои хориҷиву дохилӣ ҳузури ӯро дар артиши Афғонистон намоди талош ва заҳмати занон барои тағйири нақши онҳо дар ҷомеаи Афғонистон мегӯянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
25 сола ? Принсипи нормальнай мада. Шу намекарда бошад а. озодагон я уточнить кунед ку.
Хамин афгонистон як кишвари кафомондаву чангзадааст лекин зиёд нобигахову олимхову ихтироъкорону равшанфикрхо дорад. Ман зиёд шабакаи тулуъро тамошо мекунам хеле форам аст барномахояш. Барномахои озоду зинда ва дарди дили миллату бечорагони афгонистонро мерасонад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!