Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 12:49

Нигаронии Убайдуллоев: Бо либоси хонагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегарданд...

27 декабр 2016, 10:29

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз риоя нашудани одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев 26-уми декабр зимни ҷаласа изҳор доштааст, ки то ҳол бархе сокинон байни либоси хонагӣ ва либос барои ҷойҳои ҷамъиятӣ фарқ намегузоранд.

Бо зикри пӯшидани либоси хонагӣ дар боғҳои фароғатию ҷойҳои ҷамъиятӣ раиси шаҳри Душанбе мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқро вазифадор кардаст, ки дар ин самт чораҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро муассиртар татбиқ намоянд.

Зимни ҷаласа инчунин татбиқи паёми Президент ба парлумон, таъмини даромади буҷа, истифодаи манфиатовари иншооти моликияти коммуналӣ, вусъати тадбирҳои зидди коррупсионӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва омодагӣ ба ҷашни соли нав баррасӣ гардиданд.


Акс аз Спутник


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Камбизоат

  • 27 декабр 2016 10:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардуми камбагал аз танкисии рузгор як либосро харида онро хам дар хона, хам дар кор ва хам дар чойхои чамъияти мепушад. Маошро баланд кунед то лтбоси иловаги бихарем.
Посух додан
  • Фирдавс

  • 27 декабр 2016 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Раис бехтар мешуд, масъалаи бо гарми таъмин намудани хонахо, барк, роххои хубро медидед. Чи тарз либоспушии мардум кори Раис нест. Бо ин майда чуйдахо саратонро гич насозед. Вазифаи шумо рохат гардондани зиндагии шахрвандон, татбиқи паёми Президент ба парлумон, таъмини даромади буҷа, истифодаи манфиатовари иншооти моликияти коммуналӣ, вусъати тадбирҳои зидди коррупсионӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва омодагӣ ба ҷашни соли нав аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ПЕШ АЗ ХАМА БОЯД ПЕШГИРИ КУНАНД САГЕРАХОИ БЕПАДАРИ БЕ ТАРБИЯРО КИ ТАГИ ТРУСИК РОНАНДАИ МАРШРУТ ВА ДАР КУЧА НАГАРДАНД БАЪДАН БА ДИГАР ЧУЗЪЕТХО ДИККАТ ДОДА ПЕШГИРИ КУНАНД ...
Посух додан
  • Қандалӣ

  • 27 декабр 2016 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Озодагон" гоҳҳо сайти ҷиддӣ мешавию гоҳҳо "поле чудес". Як афғон нақл кард, ки бо виза аз купруки дарёи Панҷ гузашта Тоҷикистон рафтам. Дар як биёбон то Қумсангир норасида, милисае мемстод. Сари рул ки будам, манъам кард. Дар дастам сигарет доштам. Дар ҷойи ҷамъияти сигарет мекашӣ гуфта, бо як азоб якчанд сомонӣ дода, дар ҳамон биёбони бекас халос хурдам. Ту навис, ки Убайдуллоев нафари дуюми Тоҷикистон баъди Паёми президент, ки имсолро соли ҷавонон эълон кард, ҷавононро дар Ҳукумати шаҳр ҷамъ кард ё не?.. Президент гуфт, ки ҳамаи мардуми аз Бонкҳо фиребхӯрдаро маблағҳояшонро рӯёнда медиҳем, Ҳукумати шаҳр шаҳрвандонашро дар ин росто чи кӯмак карда метавонад? Баъди танқиди Пешвои миллат аз хонаҳои сарди сокинони шаҳр ба истифода додани ТЭС- нав- хулоса ин аст хизмати шумо ба миллат...
Вагарна тоҷики бечора аксарияташ як ҷомаи кӯҳна дорад. Ба ин коратон тамоми милисаи хоба бедор мекунед...
Посух додан
  • мн

  • 27 декабр 2016 11:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аост мега да замистон таги лубоси тунук нагардед км хунуктон мезана
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост мегуяд Раиси шахр! Баъзе мардуми мо дар куча хатто бо либосхои хонаги не, бо либосхои шабхобрави ( пижама) ба куча мебароянд. Алалхусус, ронандахои маршруткахо!!!! Як бор ба либоспушии мардуми Узбекистон нигаред! Дар Тошканд тамоми мардум одоби либоспуширо риоя мекунанд.
Посух додан
  • Ҳамсояи М. С.

  • 27 декабр 2016 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом алейкум
Ҷаноби раиси шаҳр муҳтарам М. У. Ҳичи хиҷолат намекаши чунин масалаҳоеро дар ҷомеъа матраҳ мекуни. Албатта шуморам фаҳмидан даркор ман яке аз он нафароне ҳастам ки бо либоси хонагим дар ҷои ҷаъмияти зоҳир мешавам ва яқин дорам либосам ҳам аз назари зоҳири поку тамиз аст ва ҳам аз назари маънави чун либосамро бо меҳнати обилаи кафи дастам харидам на мисли баъзеҳо аз ҷайби дигарон харида бошам манзурам худи шумо ҳастед он чан костюм ва брюки ки дори яқинан ба заҳмати худ нахаридаи... чаро мардумро таҳқир мекуни мегуи фарҳанги шаҳр нишиниро намедонанд мардум ҳамаи чизро медонанд аз шумоҳам беҳтар медонанд шароити кор истеҳсолот ва корҳои даромад дор барои мардум фароҳам кунед дар ростои кор ба мардум фаҳмонда диҳи кунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шортикпуши дар чомеаи Точикистон айб аст. Агар пойхои пашмин бошанд, боз безебтар, бародарони чон. Ба пляжи Аврупо рафта бахузур пушед, вале байни хохарону модаронатон нимбарахна набошед, илтимос.
Посух додан
  • в

  • 27 декабр 2016 14:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гулниссо,

Марди шортикпуш хамон зани танфуруш аст.
Посух додан
  • Muhojir

  • 27 декабр 2016 16:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамсояи М. С.,
On yaki bo libosi honagi dar kuchahoi shahr mebaromada tu boshi pas voj ba holat! Shoyad ba hamin fahmish, mo tojikon dar Rusiya benom shudem. Az hudat sar kun! Tu odami hub, libosi honagii tamiz dori ,vale dar kucha boyad hushlibosu shinampush boshi...shahr,pojtaht mehmononi horiji zijod ,tu nomsozi millati!

в,
Pas ba juz shumo digar mardoni dunjo hama zan hastan???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар кучаи шахр имено дар пойтахт кормандони гаи бехад зиёд аст. Чи даркор инкадар гаи дар холе ки тамоми шахр камерашапак кардаги????
хам гаи штраф дора мардума хам камерахо.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мардак гумон дорад,ки мардуми точик хама ранги у миллиардеранду либоси хуб намехаранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!