Бахшҳо

Ҷануби Тоҷикистонро қиматӣ таҳдид мекунад?

Чанд тан аз сокинони ҷануби кишвар аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои шаҳри Қурғонтеппа, Кӯлоб ва дигар навоҳии дурдасти ин минтақа изҳори нигаронӣ карданд.


Ба қавли онҳо болоравии нарх баъди қатъ гардидани ҳаракати қаторҳо дар самти Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа шурӯъ гаридааст. Як нафар аз ин афрод, ки худро Умед муаррифӣ кард, ба хабаргузории «Озодагон» дар тамоси телефонӣ гуфт, ки маҳсулоти озуқа, аз қабили пиёз, картошка ва равғану орд давоми ду ҳафтаи ахир ҳудуди 1-1,5 сомонӣ боло рафтааст. Рустамхон Шарипов, як тоҷир ин гуфтаҳоро тақвият бахшида илова намуд, ки раванди болоравии нархҳо ба шиддат идома ёфта истодааст ва шояд намудҳои мухталифи маҳсулот аз қабили шакар ва орд то соли нав аз арзиши имрӯзаашон қимат шаванд. Бархе аз ҳамсӯҳбатонамон мегӯянд, масъулин сари ин масъала бояд ҳар чӣ зудтар чораҷӯи намоянд, то ҷилав аз афзоиши нархҳо гирифта шавад.  Масъулини «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ахиран изҳор доштанд, ки қаторҳои самти вилояти Хатлонро наметавонанд дар шаҳри Душанбе қабул намоянд. Далели қабул накарданро, масъулини ширкати мазкур мушкили интиқоли минбаъдаи борҳо аз Душанбе ба ҷануб арзёбӣ мекунанд, ки хароҷоти зиёд хоҳад дошт. Гузашта аз ин коршиносони «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъкид мекунанд, ки қарор дар бораи тағйири хатти ҳаракати борро онҳое қабул мекунанд, ки борро ирсол кардаанд. Дар қатори чораҳо, ки барои бадтар нашудани вазъ амалӣ шудаанд, масъулини «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, ки муваққатан бор кардани вагонҳои самти ҷануби Тоҷикистонро қатъ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин ин самт дар шаби 17-уми ноябр қатъ гардид.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)