Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 08:31

ОМОН ба “шикор”-и муҳоҷирон баромадааст

27 декабр 2016, 14:55

Неруҳои таъиноти вижа ё ОМОН-и Русия дар бозори “Восточний”-и маҳаллаи Верхний Темерники шаҳри Ростови лаби Дон, ки онҷо асосан муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Ветнам фаъолият мекунанд, ба амалиёт оғоз кардаанд.

Бино ба иттилои торнамои “Деловой квартал”, ин амалиёт соати нуҳи субҳи душанбе шурӯъ гардида, кормандони пулис тамоми роҳҳои вурудиву хуруҷиро баста, кормандони бозорро мавриди тафтиш қарор додаанд.

Николай Морячков, сухангӯи раёсати “Росгвардия” дар Ростов амалиёти ОМОН ва “Росгвардия” дар бозори “Восточний”-ро “чорабинии фавриву профилактикӣ ба хотири ошкор кардани мавридҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират” унвон кардааст.

Расонаҳо менависанд, дар бозори “Восточний” ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба тиҷорат, ҳаммолӣ, роҳрӯбӣ ва ошпазӣ машғуланд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сабаби бахсхо дар мавриди (авиасообщени) байни Русияву ТЧ ,ба хамн оварда мерасонад ,ана мухтарам Ганчалзода гутфамку азоба мухочирон мекашанд. Мумкин дарс мешавад мардумро азоб надихед ТЧ....
Посух додан
  • Nazar

  • 28 декабр 2016 09:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ба Таможенный союз ворид нашавем, Руссия ана хамин тавр фишор меорад. Медонад, ки Точикистон аз ухдаи таъмини чои кор намебарояд ва барои он ки мухочирони хоричшуда дар Душанбе исен накунанд, мачбур хамаи шартхои Маскавро кабуд мекунад. Пас агар чунин бошад, бехтараш хамаи хуччатхоро бо Русия имзо кунему тан ба такдир дихем.
Посух додан
  • Ёвон

  • 28 декабр 2016 10:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ду сум пули хамин мухочирора намедонан ки чи хел хуран, товба. Хамин мондагишам депорт кнан ана бад мебинед чи хел дар худатон дарди сар мешад. Ба фикрм шумо кор надоред дигар.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!