Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 26 июн 2017, 18:58

Видеои эътирозу саргардонии мусофирон: Парвоз боз ба таъхир афтод...

27 декабр 2016, 16:18

Худсарии ширкати “Ямал”, ки қабл аз дарёфти иҷозатномаи мақомоти Тоҷикистон чиптаҳои парвоз аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Хуҷанду Душанберо фурӯхтааст, боиси саргардонии садҳо мусофир шудааст.

Мусофирони хатсайри Жуковский-Хуҷанд мегӯянд, рӯзи сеюм аст, ки наметавонанд тариқи ширкати “Ямал” ба Хуҷанд парвоз кунанд. Ба иттилои мусофирон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба онҳо изҳор доштаанд, ки мушкил сиёсӣ аст ва ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо масъулини сафорат ба зангҳои такрории мусофирон посух надодаанд.

Видеои эътироз ва саргардонии мусофирон:



Дар ҳамин ҳол “Риа новости” хабар додаст, ки парвози ҳавопаймои "Ямал" аз Жуковский ба Хуҷанд, ки бояд соати 11:30-и рӯзи душанбе сурат мегирифт, боз то рӯзи чоршанбе ба таъхир андохта шудааст.

Дар баробари ин дар пайи қарори Русия барои манъи парвози ширкати “Сомон Эйр” дар фурудгоҳҳои ин кишвар садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дармондаанд. Аз ҷумла “Сомон Эйр” тасдиқ кард, садҳо мусофир, ки барои парвоз ба Душанбе чипта харидаанд, чанд рӯз боз дар фурудгоҳи Иркутск дармондаанд ва парвозашон ба Тоҷикистонро интизоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • salomat

  • 27 декабр 2016 17:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сафорати Точикистон дар Эрону Туркия хам чавоб намедихад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!Куҷо намояндагони сафорати Тоҷикистон?
Барои чи наздик намеоянд?
Барои чи ба занги ҳамватанонашон ҷавоб намедиҳанд?
Куҷо ҷаноби Ганҷалзода?
Оё у гами муҳоҷиронро мехӯрад?
Куҷо шуд ғамхориву бародарии мансабдорони Тоҷик?
Шармам меояд,ки касе ғами халқӣ ҷафокашӣ маро намехурад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Озоди" навиштааст - "Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, гуфт, баҳси бархоста бар сари парвози ҳавопаймоҳо миёни Маскаву Душанбе сиёсӣ нест,.
"Озодагон" навиштааст - "Ба иттилои мусофирон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба онҳо изҳор доштаанд, ки мушкил сиёсӣ аст"
Посух додан
  • Дубнов

  • 29 декабр 2016 09:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тоҷиддин фаромӯш накун, ки ҳамун иқтисодию сиёсӣ ҳарду мори печонанд. Қазияи лётчикҳои урус аввал иқтисодӣ буд, баъд сиёсӣ шуд. Агар урус манфиаташро ёбад, нос туф кардани тоҷикро метавонад "сиёсӣ" кунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!