Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 март 2017, 19:23

Ин ҷо ҳанӯз Тоҷикистон аст!

27 декабр 2016, 17:01

Аз шаҳри Хоруғ ба Мурғоб тавассути кироякаши хоруғӣ Тирандоз мерафтем. Мақсад доштем пас аз Мурғоб ба Ишкошим биравем. Шунида будам, аз Мурғоб ба Ишкошим роҳи наздике ҳаст, яъне, ба Хоруғ барнагашта, тавассути ағба ба он ноҳия рафтан имкон дорад. Барои ин маълумотро тасдиқ кардан аз ронанда пурсидем, ки воқеан роҳи наздике ба Ишкошим аз Мурғоб ҳаст. Акаи Тирандоз гуфт, тавассути ағбаи Харгӯш ба Хоруғ нарафта, метавонед ба Ишкошим ҳаракат кунед, аммо роҳи ағбаи Харгӯш он қадар хуб нест ва тавассути он асосан мошинҳои боркаш мераванд. Ва чун ба ағба наздик шудем, роҳ ба ноҳияи Ишкошимро нишон дода, таъкид кард, ки роҳи ағба душворгузар аст. Чашми ман ба лавҳи сари роҳи ағбаи Харгӯш афтод, ки ба чинӣ навишта шуда, аммо ба тоҷикӣ ҳарфе набуд. Шояд аломати роҳи ағба ба Ишкошим ба забони тоҷикӣ ҳам бошад? – гузашт ин суол аз дилам ва ба атроф чашм давондам, вале ягон аломат ва ё лавҳи тоҷикӣ надидам.

“Мабодо ба ҳудуди Ҷумҳурии халқии Чин надаромадем?” – пурсидам он лавҳро дида, зеро он замине, ки мувофиқи қарордод ба Чин гузашт, асосан дар ноҳияи Мурғоб буд ва эҳтимол дошт он ҷо саршавии ҳудуди ҷумҳурии ҳамсоя аст ва гумон кардам, он лавҳ низ аз ҳамин чиз хабар медод.
“Не, ин ҷо Тоҷикистон аст“,– посух дод ронанда.

Ҳамоно ман намефаҳмидам ва ҳоло ҳам намефаҳмам, ки чаро дар ҳудуди ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон лавҳ ё аломати роҳ пурра ба забони ғайридавлатӣ, дар ин ҳолат, ба забони чинӣ (баъзеҳо “чиноӣ” менависанд ва он нодуруст аст, тоҷикӣ нест, чунки тоҷик ҳамеша “косаи чинӣ” мегӯяд, на “косаи чиноӣ”) навишта шудааст. То ҷойе медонам, дар гирду атрофи он минтақа ягон корхона, идора ва ё фурӯшгоҳи бузурги Хитой нест ва мебуд ҳам мебоист ақаллан бо ду забон менавиштанд. Ба замми ин, ба монанди забони русӣ ҳоло дар Қонуни асосӣ чинӣ ҳамчун забони муошират ҳам сабт нашудааст.

Ёдам омад, ки як–ду сол пештар айнан чунин навиштаи чинии бе тарҷума дар яке аз минтақаҳои ноҳияи Айнии шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ сари роҳ менамуд. Аз рӯи донистамон, он ҷо яке аз конҳои тиллоӣ барои истифода ба чиниҳо додаамон ҳаст. Хайрият, дар ду сафари охир ман он лавҳро надидам.

Рӯзе қабл аз сафар ба Мурғоб дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги Хоруғ дидам, ки нархи маҳсулоти фурӯшӣ дар як кунҷ бо...йуани чинӣ навишта шудааст. Гумон кардам, муштариёни асосии ҳамин гӯшаи супермакет чиниҳо ҳастанд. Аммо фурӯшанда аз ин суоли ман танҳо дар ҳайрат монда, гуфт на, асосан, мардуми худамон. Пас чаро бо йуан нархномаро навиштаанд? Намедонам, изҳор кард фурӯшанда. Ба гумонам, чи тавре аз Чин ин таҷҳизотро оварда буданд, дар он нархҳои барои намуна бо йуан навиштаро накандаанд. Замоне аксар лавҳҳоро ба забони русӣ менавиштанд. Ҳоло ҷойи онҳоро забони чинӣ мегирад...

Ташвишовар аст, ки навиштаҳои бе тарҷума ва ё дузабона – чинӣ ва тоҷикӣ рӯз то рӯз зиёдтар мешаванд. Фарқ аз забони русӣ дар он аст, ки русҳо рафтанд ва ё мераванд, аммо чиниҳо нав ба омадан сар кардаанд. Агар оғози воридшавиашон чунин бошад, намедонам, пас аз сад сол чӣ мешавад.

Бале, мо ҷонибдори ҳамкорӣ ҳастем, зеро имрӯз мо ба пули чиниҳо, маҳсулоташон, технологияи арзон ва дастрасашон ниёз дорем ва на танҳо мо. Аммо қарз додану қарздор кардан набояд маънои онро дошта бошад, ки муҳити фарҳангӣ ва маънавии моро танг бояд кард ва ҳарчи хоҳӣ ва дар куҷое ки хоҳӣ, сабту устувор кунӣ.

Ба ҳар ҳол русӣ як хубӣ дошт, ки лавҳҳои ба ин забон навиштаро мефаҳмидем, лекин он чи чиниҳо навиштаанд, ба ғайр аз худашон дигар касе намедонад. Магар дар гардиши ағбаи Харгӯш ҳамон навиштаашонро ба забони тоҷикӣ менавиштанд, чӣ мешуд?

Ман аз он нигаронам, ки иероглиф на танҳо дар ноҳияҳо пайдо шудан дорад, балки дар пойтахт ҳам дар чанд ҷой лавҳҳои соф хитоӣ ва ё дар баъзе ҷойҳо ҳиммат кунанд, лавҳҳои тарғибиро ба ду забон -- чинӣ ва тоҷикӣ менависанд. Аламовараш он аст, ки аввал ба чинӣ ва баъд ба тоҷикӣ ва ё ҳарфҳои чинӣ калон – калону тоҷикӣ майда сабт мекунанд. Гӯиё, ин ҷо ягон музофоти Чин бошаду дар он ҷо тоҷикҳо ҳамчун ақаллияти миллӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар тарабхона ва ё қасри Бону дар паси варзишгоҳи марказӣ низ лавҳе дидам танҳо ба забони чинӣ! Охир, ман ҳамчун тоҷик, ҳамчун шаҳрванд ҳақ дорам бипурсам, ки чаро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ин гуна номгӯйи корхона, идора ва ё дигар муассисаи чинӣ дар Тоҷикистон ба чинӣ навишта мешаванд.

Биёед, ба ҷойи шаф–шаф шафтолу бигӯем.
Ин аксеро, ки мебинед, (акси асосӣ дар назар аст), тахмин якуним ё ду сол пеш бардошта будам. Албатта, аввалин тасаввуроти шумо он аст, ки ин сурат дар Чин гирифта шудааст. Чаро? Барои он ки дар ин мошин як ҳарфи тоҷикӣ нест! На, ин акс на дар Шанхай, на дар Пекин, балки дар Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, наздикии Театри ҷавонон бардошта шудааст. Аз рӯи сурат хулоса бардоштан мумкин аст, ки матни дар ин мошин раҳгузаронро огоҳ мекунад, ки дар ин роҳ корҳои сохтумон идома дорад. Ин мошин ҳатто ба ширкати чинӣ мансуб бошад ҳам, бояд ба забони давлатии мо эҳтиром гузошта, бояд ба тоҷикӣ нависанд.

Рӯбарӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Хонаи афсарон қомат афрохта аст. Воқеан, бинои зебо ва назаррас аст. Гумон мекунам, онро Ҳукумати ҶХЧ ва ё Вазорати мудофиаи ин ҷумҳурӣ сохта, ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақдим намуда ва ё ба тарзи “панҷоҳ ба панҷоҳ” бунёд ёфтааст, зеро дар назди даромадгоҳи он лавҳе аз дӯстии низомиёни ду кишвар хабар медиҳад. Дар ин ҷо ҳам мутаассифона, аввал ба чинӣ навиштаанд ва пас аз он дар зераш ба забони давлатӣ! Мебахшед, забони тоҷикӣ чӣ гуноҳ дорад, ки дар ватани худаш дар ҷойи дувум?

Ё ин ҷо ҳам зарбулмасали русӣ, ки мегӯяд, “Касе пардохт кунад, сурудро ҳам ҳамон нафар интихоб мекунад”, корбаст мешавад?

Ин ҷо ҳанӯз Тоҷикистон аст!Ана, боз як акси “боинсофона”, ки бо ду забон навишта шудааст: чинӣ ва русӣ. Лекин ҷиҳати аз ҳама таъкидовараш он аст, ки дар он забони давлатиро фаромӯш кардаанд! Агар нагӯем, ки ин акс дар маркази Душанбе гирифта шудааст, саддарсади хонанда гумон дорад, ин акси ин тарабхона дар... Русия бардошта шудааст. Лекин ҳамин ҷо ҳам боз афзалият ба иероглиф дода шуда, дар муқоиса ба русӣ он бо ҳарфҳои бузургтар навишта шудааст. Шояд ин ҷо мизоҷони асосӣ коргарони чинианд, ки дар кишвари мо кор мекунанд?

Чаро чунин мешавад, ки бо ду забони ғайридавлатӣ маълумоти бозаргониро менависанд, вале забони давлатиро фаромӯш мекунанд?
Назорат суст?
Кумитаи забон ва истилоҳот ба куҷо нигоҳ мекунад?
Забони мо қадр надорад?

То ҷойе иттилоъ дорем, назорати иҷро ва ё риояи Қонун дар бораи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе бад нест. Ҳатто алоҳида фармони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳаст, ки ҳама лавҳҳо, реклама ва дигар тахтаҳои тарғиботӣ дар шаҳр танҳо ба забони давлатӣ насб карда шаванд. Натиҷаи ҳамин аст, ки аксар навиштаҳо ба забони давлатианд. Аммо роҳбарияти шаҳр наметавонад ҳама кӯчаву биноҳо ва идораҳо ва роҳбарони муассисаҳоро доимо назорат кунад, чунки ҳар ҳафта ақаллан як идораи нав, фурӯшгоҳ ва ё тарабхонаву қаҳвахона дари худро дар Душанбе боз мекунанд.

Кумитаи забон ва истилиҳоти назди Ҳукумати ҶТ бо буҷа ва ходимони маҳдуд низ ба ҳама ҷой расида наметавонад. Пас забони тоҷикӣ қадр надорад?
Ё ҳифзи забони модари вазифаи кист?

Муҳибуллоҳ ҚУРБОН,
рӯзноманигор


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҳсан ҷаноби Муҳибуллоҳ!Сад дар сад навиштаҳоятон рост аст.То дирӯз навиштаҷотҳо бо забони рӯсиву ӯзбакӣ буд,имрӯз боз чинӣ "мода" шудааст?
Кумитаи забон ва истилоҳот,бо чи кор машғул аст?
Барои чи назорат намекунад?
Бовар кунед,вақти хондан ҳамчун як тоҷик,ин қадар қаҳрам омад.
Наход,ки моро дар Ватани худ эҳтиром накунанд?
Пас чи гуна аз ҳуқуқӣ муҳоҷирон дар Русия пуштибонӣ кард?
Посух додан
  • Точики Бухоро

  • 27 декабр 2016 17:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба Муҳиб Курбон, бисёр маколаи хуб, аммо мо забони точикиро бояд аз хонавода шуруъ кунем хусусан Шумои азиз ва Гулназар ва чанд тан аз нависандагон ва шоиронро шохид будам ки бо фарзандонашон бо руси сухбат мекарданд ва ё фарзандонашро дидаам ки бо дустонашон бо забони руси гуфтугу мекарданд, дар кадим мегуфтанд муллоро гуфтаигиашро куну кардагиашро на, метарасам ки имруз журналистро гуфтагиашро куну кардагиашро на нашуда бошад боз.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат аламовар аст!
Ин бепарвоии хукуматдорон бо хамин ахвол оварда мерасонад ба фикрам хаминро мегуянд "шахри бе дарвоза..."
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бародар,кумитаи забон хатман ин масаларо бинед.ин хитоихо Сарзамини Шинчоноо Уйгурхоро бо рохи тичорату кумак ва карзхои бебозгашт тасаруфи худ карданд.Худован аз максадхои нопоки инхо мардуми Точикро нигахдорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонум Шарофзода ба кучо нигох мекунад???Холо хам бо дукондорону майдасавдогарон аз кабили "ОШИ САМАРКАНД" ва "СИХКАБОБИ ХУЧАНД" чангу мубориза мебарад?
Посух додан
  • Ҳоҷӣ

  • 28 декабр 2016 08:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беҳтарин мақолаи ҳушёркунанда аст. Пас аз мо Худо медонад дар ин кишвар чӣ мешавад. Муҳибулло! Мо бояд то вақте.ки дар ин дунё ҳастем, ба мардум бигуем,ки ҳушёр бошед, ояндаи забону фарҳангу...ҳамаатон дар хатар аст. Яъҷуҷ маҷуҷ кори худро мекунад. Мо ҷонибдори пешравӣ ҳастем, аммо на ба ивази забону фарҳангу... боз чизҳои дигар! Давлатмардон бояд сахт андешанд.ки ояндаи кишвар чи хоҳад шуд. Мо камем, мо хурдем, мо қафомондаем, аммо мо зинда ку! Наход "проследний из Могикана" бошем?
Посух додан
  • бародар

  • 28 декабр 2016 08:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хело мавзуи талх ва дилхарош вале мухим ва зарури...
Посух додан
  • Тоҷики кӯлоби

  • 28 декабр 2016 10:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
-Дуруст гуфтед, бародари Бухороӣ раҳмати Ҳилол Каримов 70 сол худаш барои миллати тоҷик "Алифбо" менавишту ду писараш "академикҳо" Ҷамшеду Хуршед Каримовҳо забони падарашонро намефаҳмиданд.
Ба ҳар ҳол заҳмати Муҳибуллоро ҳар тоҷики боақл бояд дарк намояд. Бачаи босавод аст. Мисли занбури асал маводашро меёбад...
Посух додан
  • Точик

  • 28 декабр 2016 10:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
В америке у китайцев ест целый квартал! "Не делайте из мухи слона"
Посух додан
  • шахрванд

  • 28 декабр 2016 15:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Точики кулоби,
Ту киву академик Каримовхо ки? Магар бо онхо сухбат карда буди ки мегуи забони точикиро намедонистанд? Худат барои Ватани точикон ягон кори нек кардаи ба гайр аз гайбат? Бигзор забонро надонанд хам фоидаи кору кирдори онхо хеле бузург аст барои Точикистон
Посух додан
  • Devona

  • 28 декабр 2016 16:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик,
Amerikaya bo Tojikistoni kuchak barobar kardan kamoli befahmist. Amerika har guna gizoro bo ustuhonash furu mebaradu hal mekunad. MO hudamon be in hama bemorem va yak gizoi kame durusht moro mekunashad.
Посух додан
  • Тоҷик

  • 29 декабр 2016 17:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шаҳрванд дар бораи худат гап зада истодаӣ. Ман он раҳматиҳоро агар ту нашиносӣ, хуб мешиносам. Аз тарси Тоҳири Абдуҷаббора бечора сарвазир дар сессияҳои Шӯрои олӣ Ҷамшед Ҳилолович намедонист, куҷо гурезад..
-Ҳар депутатро "хар депутат" мегуфту ту шаҳрвандро "шахрванд" Қабодиёнро "Кабадияну" Фархорро "Пархар".
Дар ҳамон навиштаат як гапи ҳақ дорӣ: "Бигзор забонро надонанд..."
-Худо раҳмат кунад, Ҳилол Каримовро..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!