Бахшҳо

ВИДЕО: “Фурӯшандаи гӯшти хар” асли қазияро шарҳ дод

Холхӯҷа Искандаров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳафтаҳои охир ҳамчун фурӯшандаи гӯшти хар дар шабакаи интернет машҳур шуд, асли қазияро шарҳ дод.

Дар навори ҷадид, ки имрӯз, 28-уми декабр дар Ютуб нашр шуд, Искандаров, истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ӯ сагпарвар аст ва гӯште, ки дар интернет ҳамчун гӯшти хар муаррифӣ шуд, дар асл гӯшти гови муҳлаташ гузаштагӣ мебошад: “Аз соли 2001 сагпарварӣ мекунам ва соли 2011 шумораи сагҳоро зиёд кардам. Одатан аз партговгоҳ устухонҳоро ёфта, ҷӯшонда ба сагҳоям медиҳам. Тахминан ду моҳ пеш дар партговгоҳ дар даруни халтаҳо гушти зиёдро ёфта, барои сагҳоям овардам. Бачаҳо зиёд буданд, бо шӯхӣ пурсиданд, ки ин гӯшти хар ҳа? Ман ҳам ба шухӣ гуфтам, ҳа гӯшти хар. Дар асл гӯшти гов буд, ки муҳлати истеъмолаш гузашта буд”.



Исандаров афзуд, баъди нашри навори баҳсбарангез аз шӯхии кардааш пушаймон шуд: “Агар мефаҳмидам, кор ин хел мешавад, сагбозӣ ҳам намекардам. Ман аз ин кор пушаймон”.

Ҳафтае қабл дар интернет наворе нашр гардид, ки дар он мошини пур аз гӯшт дида мешуд ва ҳозирин дар ин навор гуфтанд, ин гӯшти хар аст. Дар он навор Искандаров ба суоли яке аз ҳозирин тасдиқ мекунад, ки ин гӯшти хар аст. Дар пайи нашри ин навор баҳсҳои зиёде дар ҷомеаи Тоҷикистон сар заданд ва мақомот низ изҳор доштанд, ки онҳоро таҳқиқ хоҳанд кард.


Мӯҳр
Ара
Ба умеди шухи ай шашликхури мондем!

Maksad
Sad dar sad mablaga giriftan bachahako

Мемури хаминро барвакт гуи мардум дар Хучанд аз ошхонахо пархез карданд токи гушти хар набошад...)))

Передний привод
Задний ход назанен

мухочир
Якумаш ин,ки кадом кассоб гушти мухлаташ гузаштаро ба партовгох мепартояд.Гушти мухлаташ гузашта зуд ба колбасный цех меравад. Хамаи кассобхо клиент доранд.Дуюмаш ин,ки ПУЛА додиву мачрои обро дигар карди.Хулоса АФСОНАИ гургу бузаки чингилапоро ба гуши халк нахон.


Нои
Ба суханони ин бародар мо ҳамон лаҳза шубҳа доштем.
Чун як хар аз 200 то 400 сомонӣ арзиш дорад. Дар он навор ӯ мегӯяд, барои ҳар кадомаш панҷоҳ сомонӣ додааст.
Касе ки ин шӯхиро бо ин бародар кардааст, бояд аз ӯ узрхоҳӣ кунад.

Абдуллох
Чихел як портер пур аз гуштро у аз партовгох ёфтааст ачоиб.

Шахрванд аз Хучанд
Ин инсон афти худашам ранги хар барин ва хислатош бошад тамоман ба кори одам монанд нест

Ворух
Ман нафахмидам худаш чи шудас, ки чи гуноҳ кардас ин мард?

Мир
Ки медонад гапи рост аст е дуруг , шумо як видеоро дида хулоса мебуроритонми? Койдаки хамика гушта аз партовгох ефта бошад. Бо Худованд медонад.

ба ман аҷоибаш он аст, ки дар мусурка иқа гушта дигар сагҳо нахурдиян, ки насиби ин сагпарвар шудаст

Сад дар сад афсона нагу диг. Пеши ин ходисаро боз Рохбарияти Сугд гирифтаистодааст....

Саид
Худаш дар навор гушти хар аст гуфта буд

СИХКАБОБ
Гушти муҳлаташ гузашта ин чи хели гушт бошад.....??????Дуруг чи даркор ҳоло гушти гови ҳаром мурдаро як килоашро 10-13 сомон мехаранд.

хама
Агар ягон одами басавод мебуд
ай ика овозаву халка тарсондана хаму гушта ташхис мегузарондан хуб мешуд експертиз чикор мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)