Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 12:52

“Ямал”: Мақомоти тоҷикро ба суд мекашам

29 декабр 2016, 09:27

Ширкати ҳавопаймоии “Ямал”-и Русия эълон кардааст, ки алайҳи мақомоти Тоҷикистон ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Анрей Дубров, директори тиҷории “Ямал” гуфтааст, ҷуброни зарари ширкатро, ки дар пайи манъи парвозҳо ба шаҳри Душанбею Хуҷанд ворид шудааст, тариқи додгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон талаб хоҳад кард. Дубров дар суҳбат бо расонаҳои Русия изҳор доштааст, ки феълан муҳосибон рӯзҳои мутаваққиф шудани парвозҳо ва зарари ширкатро ҳисоб карда истодаанд: “Муҳосибон ҳар рӯзро ҳисоб доранд. Мо зарари расонидаро тариқи суд талаб мекунем”.

Мудири “Ямал” дар мавриди он, ки ҷониби ҷавобгар дар баҳси додгоҳӣ мушаххасан кӣ ё кадом ниҳод хоҳад буд, изҳор доштааст, ки барои гуфтани номи дақиқ ҳанӯз бармаҳал аст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “Ямал” худсарона бидуни дарёфти иҷозатномаи парвоз чиптаҳоро дар масири Жуковский-Душанбе ва Жуковский-Хуҷанд фурӯхтааст ва боиси саргардонии мусофирон шудааст. Ба иттилои манбаъ Ямал дар музокирот натавонистаст, далели ҳақ буданашро пешниҳод кунад ва акнун талош дорад, қазияро додгоҳӣ кунад. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ширкати "Сомон Эйр" низ, ки дар пайи қатъи парвозҳо ба минтақаҳои Русия хисороти зиёд дидааст, метавонад тариқи додгоҳ аз Русия ҷуброни зарар талаб кунад.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав дар пайи он сар зад, ки мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Масъулини ширкати “Ямал”-и Русия мегӯянд, Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар масири Жуковский - Хуҷанд ва Жуковский- Душанбе иҷозат надода, далел овардаанд, ки парвозҳои феълӣ барои таъмини талабот кофӣ мебошанд.

Аммо Вазорати нақлиёти Русия аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, ки барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат диҳад ва меафзояд, ки дар ин замина моҳи ноябр зимни гуфтушуниди мақомоти тоҷику рус дар Маскав созиш шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Devona

  • 29 декабр 2016 14:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Makoli "bo rusho dusti kun, vale tabarro zeri bolisht nigoh dor" shoyad hak boshad.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!