Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 28 июн 2017, 10:27

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи арча ва тӯҳфаҳои солинавӣ

29 декабр 2016, 11:53

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили Соли навро ҳамчун як ҷашни қонунӣ мақбул дониста, хариди туҳфаҳои солинавиро барои фарзандон ҷоиз хондааст.

Ин ниҳод дар посух ба суоли корбарони сомонааш дар мавриди таҷлили Соли нав ва хариди туҳфаҳо ба фарзандон аз нигоҳи шариат изҳор доштааст, ки “албатта хурсанд кардани фарзандон ва харидани туҳфа барои онҳо рӯзи муайян надорад, ҳар вақте ки волидайн дорои шароити хуби молӣ бошанд, метавонанд ба фарзандони худ туҳфаҳо тақдим намоянд. Дар рӯзҳои соли нав ҳам, ҳамчун як иди қонунӣ ба қадри тавоноияш ба фарзандон туҳфае дода, моҳияти соли навро ба онҳо фаҳмонад, хуб мешавад, яъне ҷашни соли нав як одат аст, на ибодат”.

Қаблан Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили соли нави милодиро, ҷоиз хонда, гуфт, “рафтан ба гирди арчаи солинавӣ инсонро кофир намекунад". Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз сокинони кишвар даъват карда буд, ба фатвоҳои бархе аз руҳониён, ки ба гуфтаи ӯ, фаҳму дарки амиқе аз Қуръону суннат надоранд, гӯш надиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Астахфируллоh...........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоибот мо ба кучо равонем ? Озодагон илтимос ин хабарро пайгири кунед мумкин ягон (поп) гуфта бошад...
Посух додан
  • Мухлисс

  • 29 декабр 2016 14:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саид,
Бале дустам инчо чи хатогие шудааст наход ки як олими дини ин гапхоро гуяд
Посух додан
  • Точик

  • 29 декабр 2016 15:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин, Шурои уламо! Хайрият аз банди хурофот берун шуда, хамкадами замон шудед!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
урааааа! соли нав исломи шуд!
Посух додан
  • Роҷиъун

  • 29 декабр 2016 16:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Марде бениҳоят сагашро дӯст медоштааст. Ногаҳон саг мемурад. Мард сагашро бурда дар қабристон гӯр мекунад. Аз кори кардааш пушаймон шуда, назди мулло рафта, сад доллар дода, "фатво" мепурсад. Мулло арзи марди аз худо тарсидаро шунида, ба пул нигоҳ карда мегӯяд: барвақтар нагуфти ҷанозаш мекардем...

"Озодагон" гоҳ вақт нотарсӣ дори мард шав чоп намо...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
карикатураи табии шудааст ку Озодагон))))
Светафор сурх((( дар нразди арча.
Бахои аксбардор 5!
Дигаронро намедонам 99% точикони мо солли навро чашн мегиранд на хамчун иди дини балки хамчун огози соли нав шодию хурсанди мекунанд.
Посух додан
  • шахрванд

  • 29 декабр 2016 17:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"ҷашни соли нав як одат аст, на ибодат". Афсус маънои ин чумларо на бисёрихо мефахманд.
Посух додан
  • гости

  • 29 декабр 2016 17:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ки медонад кадом донишгохи исломиро хонда башад???
Посух додан
  • Али фархор

  • 29 декабр 2016 18:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аракхуриву зинову дуздию фасодхам одат аст на ибодат.
Посух додан
  • точик

  • 29 декабр 2016 18:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хурофотпарастхо чи инкадар гавго мекунед?! Соли нав ин як чашни дуняви аст! Дар ахди Шурави хама чашн мегирифтем касе масехи нашудку!? Шумо чашни милоди Масехро бо соли нав якчоя накунед! Давлати мо дунявист, маъкул нест мархабо ба Афгонистони исломи! Он чо шариат чорист ва халкаш зиндагии хеле "шоиста" дорад)))) так что молчите в тряпку )))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин идест ки тамоми мардуми дунье кайд мекунад дар давраи хукумати совети оилахои серфарзанд ва ятимонро бо либосхо ва дигар чизхо мукофонида мешуд ин ида дар точикистон бояд иди халки эьлон карда шавад тамоми мардум дар ин шабу руз хурсанд мешаванд зинда бод соли нав барои мардуми точикистони азизам вахамватанони берун аз марз соли наватон муборак ин чаламусулмонхое ки ин идро кайд карданаша гунох мегуянд худо инхора задаги мо тарафдори хурсандием нест бод фонатико
Посух додан
  • мансур

  • 29 декабр 2016 22:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом алейкум ман ба муфтии точикистон мухтарам Абдулкодирзода савол медихам ман матни арабиро ба кирилики менависам хадиси паёмбари акрам салалоху алайхи васаллам инаст ки "Ман ташаба кавман фахува минхум"маьнояш инаст.Касе худашро ба кадом кавме ташбех медихад аз хамон кавм аст.Ин хадис чи мешавад мухтарам Абдулкодирзода чавобашро фиристед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муфти мухтарам бо нушидани арак ва зино кардан хам инсон кофир намешавад ба инхам фатво дихед то мардум зино карда гарданд
Посух додан
  • bukhori

  • 30 декабр 2016 03:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони гироми. Тачлили соли нави мелоди аввалан ки соли кухна ба охир расида соли нав фаро мерасад. дувум ин ки ин чашн чашни мелоди пайгомбар мо мусалмонон Исо алайхиссалом аст. Пас чи бади доштааст чашн гирифтани соли нав. Бародарон камтарак аклатонро кор фармоед. Бас аст нодони ва тундгарои дар дин.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!