Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:14

Боздошти раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон

29 декабр 2016, 17:13

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон раҳбари собиқи ин ниҳод генерал-лейтенант Нортой Дутбоев ва ду мансабдори дигар -- Хасен Нурлан ва Ерлан Нуртаевро боздошт кардааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар як иттилоияи расмӣ мегӯяд, “26 декабр дар ҷараёни чорабиниҳои фавриву тафтишотӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои омада дар қисми сеюми моддаи 185 (ифшои сирри давлатӣ) ва қисми сеюми моддаи 362 (берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон Дутбоев Нортой Нуртоевич, Ҳасен Нурлан Боатули ва Нуртоев Ерлан Суюмбоевич бодастгир шуданд”.

Дар иттилоия гуфта мешавад, аснои кофтукоб аз манзили онҳо “далелҳои шайъӣ” мусодира гардидааст.

Генерал-лейтенант Нортой Дутбоев афсари касбии амният буда, соли 1956 дар вилояти Ҷамбул дар ҷануби Қазоқистон ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 2001 то 2006 раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон буд ва дар пайи ҷанҷоли даст доштани мақомот дар қатли сиёсатмадор Олтинбек Сарсинбоев ба истеъфо рафт. Ӯ баъди тарки мақом то соли 2008 дар вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар симати мушовири раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев кор кард ва солҳои охир муовини раиси Шӯрои мудирони ширкати "Қазоқистон инжиниринг” буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!