Бахшҳо

Ёдгорӣ: “Лимит”-и рӯзонаи барқ пурра лағв мешавад

“Барқи тоҷик” эълон кард, ки шурӯъ аз 5-уми январ дар Тоҷикистон “лимит”-и рӯзонаи барқ пурра бардошта хоҳад шуд.

Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз 4 январ ба “Озодагон” иттилоъ дод: “Аз фардо сокиноне, ки то ҳозир тариқи лимит барқ мегирифтанд, дар як шабонарӯз 17 соат бо барқ таъмин хоҳанд буд. Аз соати 5:00-и субҳ то 22:00-и шаб барқ дода мешавад”.

Ширкати “Барқи тоҷик” бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш сар аз 1-уми ноябри 2016 аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ хабар дода буд.

Дар пайи фаъолсозии Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанбе ин ширкат имкон пайдо намуд, ки маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинони навоҳии кишварро коҳиш диҳад.
Мӯҳр
салом алекум ,илтимосОЗОДАГОН ами гапотона фахмо бзанен-бовар кнен точикем намефахмем чи навистагист (аз забони хитойда кин аст )

шаббедор
илтимос акаи Ёдгори баркро то соати 23-и шаб дихед. Рузона ягон соат кам кунед мешавад.

Мана мешудаст ку....

м
ана ин гапи дигар мешудаску

Нилуфар
канд занен Озодагон! кани аз хамин руз мебинем Барки точик то чи кадар шуморо кадр кард, рост гуфт ёки дуруг?

Бебарк
Ин аз соати 5 то 22 бошад чаро хангоми хуроки субху чошту шом барк нест??

Валиев (аз он дунё)
Нозирҷон то маҷбурат накунанд, рост нагӯи...
Журнали "Форбс" аз соли дигар ростгӯитарин шахсиятҳои дунёро чоп карданист. Ҳамин аксу ҳамин сарлавҳа барои чопаш бисёр тӯғрист, ё не?
- мара маълим чоя...

бен ном
чашм нарасад шкрона бояд кард ки масьулин маьулият хискарданд ин аз худи мо вобастаги дорад бояд хукуи худро талаб намоем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)