Бахшҳо

Қатли Иброҳиму Сомон: “Разбор”-и маҳаллаҳо ё мактабҳо?

Манобеи “Озодагон” аз ҷавони дуюм, ки шаби 2 ба 3-юми январ дар пайи муноқиша дар маҳаллаи 103, дар наздикии Донишкадаи ҳарбӣ кушта шудааст, Иброҳим Хоҷаев ном бурданд.

Сабоҳат Ганҷараева, мудири мактаби 43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” хонандаи ин мактаб будани Хоҷаевро рад карда, афзуд: Соли таваллуди Иброҳим Хоҷаев, 1998 буда, ӯ соли 2014 баъди хатми синфи 9-ум мактаби моро тарк кард. Дар бораи ҳолати кор ва муноқиша ман чизе гуфта наметавонам”.

Мудири мактаби 43 афзуд дар ин муноқиша ягон нафар аз маҳассилини дигари мактабаш иштирок надоштааст ва баҳс ҳам на миёни мактабҳо балки миёни бархе маҳаллаҳо, аз ҷумла 102 ва 104 рух додааст.

Тибқи иттилои қаблан нашршуда дар ин муноқиша хонандагони макотиби 54, 43 ва 101-и ноҳияи Сино иштирок дошта, дар пайи он инчунин Сомон Шарифов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 54 ҷон додааст.

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, феълан муттаҳамон, аз ҷумла нафари кордзан, ки дар маҳаллаи 102 иҷоранишин будаасту дар кордзанӣ даст доштааст, боздошт гардидааст.

Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва ҷузъиёти он баъдан ироа хоҳад шуд.
Мӯҳр
Абдуазиз
Вазири маориф ва илми Точикистон баъди ин ходиса бояд истеъфо дихад!

Писари амаки ман дар махаллаи 101 зиндаги мекунад ва дар синфи 11 мехонад. Хар вакте, ки чуробхояшро мепушад, хатман як кордро дар даруни чуробаш меандозад. Сабабашро пурсидам. Мегуяд, дар байни чавонон ин як анъана шудааст бо худ гардондагиян корд. Вакте, ки байни махаллахо разбор шавад, зуд кордро бароварда мезанему мегурезем. Ачоиб, мо ба кучо рафта истодаем, дар кадом давлат зиндаги дорем?????

Ин чавонони хозира маст шудаги гурухое ки чанга ташкил кардагира ба мухлати 20 сол аз озоди махрум кардан лозим сар карда аз директор то муалими одиша чазо дода шавад

Ба волидайни ин ҷавонон ҳамдардии худро баён менамоям. Худо раҳматашон кунад. Лекин як савол ба волидайни онҳо доданиам, ки чаро фарзандонашонро назорат намекунанд. Дар нисфи шаб бачахои ноболиғ дар кӯча чи номаъқулӣ мекунанд. Назорати падару модар куҷост?

Дируз аз назди бозорчаи 33 ум мегузаштам дар назди як дорухона мардуми бисёрро дида дар хайрат мондам хостам ки як бинам ки чи гап бошад инкадар мардум бисёр чам шудаги рафтам ки байни як чанд чавон чанг шудаги будаст модарошон доду бе дод дар назди хамун мардум начандон дуртарак кормандони милитсия хам хастан гуё ки вайхо чизеро надиданду намедонанд ё нашуниданд ана бе масулияти кормандон ё ун чавононе ки чунин мунокиша кардан худашон одам доштанд ё бад аз сари як пиёла чой бо кормандони милитсия ин корро анчом доданд муаммо ??????????????????????7

458
Бо чунин "дастовардхо"ба наздики аз Авгонистон низ пеш мегузарем.Кордчазании мактаббача ин дахшат аст фардо аз у чиро интизор шудан мумкин аст?Умуман мактаб вазифаи аслиашро аз даст додааст,мегуянд ки муалимон аз талабахо метарсанд пас набошад дар хар як мактаб яктоги полис монем мумкин ки кор хуб шавад.Таргибот умуман суст аст мактаб бояд намуна бошад ки бача аз он чо одам шуда барояд на кордчазан.

МАН БА ВОЛИДАЙНИ ОНХО САБРИ ЧАМИЛ МЕХОХАМ. ЯК ЧИЗРО БА САХМИ ШУМО РАСОНАДИНИ ХАСТАМ КИ ДАР ИН ЧАНГ МУАЛЛИМ ЧИ ГУНОХ ДОРАД. ОХИР КОНУН БАРОМАДГИ ХАСТ ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР БАЪДИ СОАТ ЧАНД 8 ДАР БАХОР БОШАД БАЪДИСОАТИ 10 ИН ЧИ ГАП ХАСТ. ФАКАТ МУАЛЛИМ ДИРЕКТОР,.,,,, БЕ МУРАББИ ЗЕРИ ГАРДУР МУЭТА АР НАТВОН ШУДАН, МОХИ НАВРО РАФТА РАФТА ЧАРХ ОЛАМГИР КАРД.

Шахрванд
Ин аз хисоби заифии директорони муассисахои шахр мебошад зана чию рохбариаш чи барои чи дар дехотхои дурдаст ин кохо намешавад чунки рохбари муассисахо мардон мебошанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)