Бахшҳо
04 янв 2017 15:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Тоҷиксодиротбонк”: Шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорем

“Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, бо пешниҳоди тарофаҳои нав шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорад.

Торнамои расмии ин ниҳоди молӣ менависад, ин иқдом “бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти бонк аз 3 январи соли 2017” роҳандозӣ шудааст.

“Муштариёнро лозим меояд, ки барои ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии худ бо шартҳои нав ба бонки марказӣ ва филиалҳои Бонк дар ҷои хизматрасониашон муроҷиат намоянд”,-хабар медищад манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи мушкили молӣ “Тоҷиксодиротбонк” дар гузашта натавонист амонатҳои муштариёни худро, ки муҳлаташон гузашта буд, баргардонад. Баъд аз анҷоми маъмурияти муваққатӣ, ки 7 моҳ идома кард, Раёсати бонк ваъда дода буд, аз 3 январи соли 2017 баргардонидани маблағҳои амонатии муштариёнро шурӯъ мекунад. Бино ба иттилои торнамои бонк, баргардонидани маблағҳои амонатӣ “бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва тибқи ҷадвали тасдиқшуда” оғоз мешавад. Манбаъ меафзояд, амонатдорон имкон меёбанд, моҳе як бор қисми муайяни маблағҳои амонатии худро бо пули миллӣ ё эквиваленти он бо асъори хориҷӣ дар бонки марказӣ ва филиалҳо дар муддати то як сол бозпас бигиранд.
Мӯҳр
Чабрдидаа
Рутон дар кавр ягон шартномаи нав даркор нест, пулои будагима бтиен

Ин гуна икдом дар холате амали шуда метавонад, ки агар муштариён бо шартхои нави пешниходшуда рози бошанд. Акси хол шартнома катъ мешавад, ва бонк бояд пули мардумро баргардонад. Ин ривояткобиро монеду пули ба "воздух" партофтагитона гирифта, бо мизочон хисоби кунед. Як бор дар хаётатон мард шавед, охи...!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)