Бахшҳо

Мақомот: Муноқишаи маргбор миёни маҳаллаҳо буд, на мактабҳо

Мақомоти Тоҷикистон муноқишаи маргбори шаби 2-юми январ дар Душанберо шарҳ дода, афзуданд, ки он дар заминаи маҳалгароӣ рух додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ 2-юми январи соли 2017, соати 22:00-и шаб ҷавонписарони маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 104 байни ҳам занозанӣ намудаанд: “Дар натиҷа 2 нафар - Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд”.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муноқишаро муфассал шарҳ дода, таъкид намудааст, ки он дар заминаи маҳалгароии як гуруҳ ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 104 рух додааст. Ин ниҳод таъкид намудааст, ки миёни иштирокдорони муноқиша, ки ҳудуди 20 нафар будаанд, танҳо як нафар хонандаи мактаби 101 будааст ва 4 нафари дигар ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта барои бетартибиҳо аз мактаби 54 хориҷ карда шудаанд.

“Озодагон” шарҳи муфассали Вазорати маориф ва илмро бидуни тағйир пешниҳоди хонандагонаш мекунад:

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи санаи 2-юми январи соли 2017 (тахминан соати 21:40 дақиқа) рухдода иттилоъ медиҳад, ки 2 гурӯҳ ҷавонписарони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ва маҳалгароӣ бо маслиҳати пешакӣ, дар кӯчаи Клагенфурти шаҳри Душанбе дар ҳайати то 20 нафар бо мақсади ба ҳамдигар расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худашон предметҳои ба сифати яроқ истифодашаванда, аз қабили «корд», «оҳан» ва «битта» гирифта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, шаҳраки 104-ум якдигарро зада, муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.

Дар натиҷаи муноқиша шаҳрвандон Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич, соли таваллудаш 07 апрели соли 1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ободкорон, ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми халандаю бурандаи гузарандаи шикам бо зарарёбии ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда бо хунравии даруна ва Шарипов Сомон Шарофиддинович, соли таваллудаш 09 майи соли 1999, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми буридани зери зонуи рост бардошта ба беморхонаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, дар натиҷа аз ҷароҳатҳои гирифтаашон дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳо оперативӣ -ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ду гурӯҳ ҷавонписарон, аз як тараф аз шаҳраки 102-юм ва тарафи дигар аз шаҳраки 104-ум шаҳри Душанбе мебошанд. Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки сабаби асосии сар задании муноқиша ин маҳалгароӣ байни шаҳракҳои 102 ва 104-ум мебошад. Айни замон 14 нафар иштикрочиёни муноқиша муайян карда шуда, 11 нафари онҳо дастгир карда шудаанд ва 8 нафарашон айни замон дар маҳкамаи муваққатии нигаҳдории Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Бояд махсус қайд кард, ки тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» «Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба сини 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад». Аз ин рӯ, аз иштирокчиёни муноқиша 4 нафар тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бинобар сабаби «мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани Оинномаи муассисаи таълимӣ, иштирок накардан дар дарсҳо» аз 30.11.2016 аз сафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 хориҷ карда шудаанд ва ба муассисаи таълимӣ ягон алоқамандие надоранд.

Дар ҳақиқат, аз иштирокчиён танҳо як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 буда, дигар иштирокдорон хонандаи мактаб набуда, ба мактаб иртибот надоранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан тафтишоти пешакии ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
Салохиддин
Дар хакикат ин ходисаи нанговар аст. Вале чаро масъулини Раёсати маорифи шахри Душанбе, нохияхо ва директорони мактабхо худро аз масъулият дур мекунанд ? Боз Вазорати маориф андеша накарда ин чанчгу чанчоли мактабачахоро ба махаллачиги унвон бурдааст. Хайфи Вазиру чунин Вазорат.

Аз вазир сар карда то мудири раёсату ноҳияҳоро аз кор холӣ кардан даркор. Ҳамин Фақеров дар шуъбаи маорифи шаҳр ягон кора намефаҳмад чаро ӯро то ҳол нигоҳ медоранд. Вақте Исломов Ш. раиси раёсат буд чи қадар барои соҳаи маориф хидмат кард, вале қадрашро касе надонист. Гимназияҳоро чӣ хел хуб ба роҳ монда буд на танҳо хонандагон, балки муаллимонро тариқи озмун қабул мекард. Ҳозир чӣ дар Гимназияи №1 ҳам талабагонаш ва ҳам хонандагонаш ҳама бесаводанд ба воситаи пул ба он ҷо омада кору хонда истодаанд.

Комрон
Салохиддин,
Дустам, Салохиддин, ман омузгорам ва бовар дорам, ки шумо низ тарбияи омузгорро гирифтаед ва тахсил намудаед. Мунокиша соати 10-и шаб рух додааст, чаро ба ин ахамият намедихед. Чаро як бор мо намегуем, ки волидайн ба кучо менигаранд? Чаро боре аз холу ахволи фарзандонамон бохабар намешавем, ба мактаб намеравему назорат намекунем. Аммо дар холи вазнини тамоми масъулиятро ба души мактабу омузгор мепартоем. Магар ин аз руйи инсоф аст? Охир фарзанд хамаги 4-5 соат дар назди омузгору мактаб аст, дигар дар назди волидайн аст ку? Мо наметавонем тамоми шабонарз аз пайи хар як хонанда назорат кунему шаб то субх дар кучахо гардем. Ба тамоми интернеткафехо равед то субх наврасону чавонон нишаста ба бози машгуланд, чаро ба волидайн мурочиат намекунед, ки "падару модарон, фарзандонатонро назорат кнед"?!

Аз 30.11.2016 аз сафи хонандагон хорич шуд. Мухтарам Вазир, ин чи маъни дорад? Магар 30 ноябрь мумкин аст ки талаба аз мактаб хорич карда шавад? Чаро дар аввали сол хорич накардед? Е ба кавле "задним числом" карда, аз саратон хорич кардед???? Чаро дар хамаи мактабхо пулчамъкуни асту тамоми мардум инро медонад, аммо шумо бовар намекунед. Е худро ба нодони мезанед, е аз халк тамоман дур хастед.... Дар ин ходиса сад дар сад айби мактаб аст. Талаба вакте, ки бо пул бахоро мехарад, вай фикр мекунад, ки хамаи чизро бо пул харидан мумкин аст. Тарбия аз мактаб сар мешавад....

Фархор 94
Вохима карда айбро сари ВАЗОРАТИ МАОРИФ напартоед. Фарзанди бетарбия даст ба ҳар кор мезанад. Вазорати Маориф танхо илм меомузонад. Баъзехотон мегуен дар мактабҳо пул меситонанд, рафта ба ПАРЛУМОН шикоят кунед. Бечораи муаллим ба 700-800 сомон рузашро мебарад. ЯКБОР НАМЕГЕН КИ МАОШҲОРО ЗИЁД КУНЕД Ё НАРХУ НАВОИ БОЗОРРО ПАСТ. Танҳо танқид карданро медонеду халос.
Масъалаи ҷанги маҳалгаро ин айби ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИ аст. Чи гуна айб? Айбаш дар он аст, ки ОТДЕЛ-хоро мисли гавҳора карданд. Агар Оперативнико дар отдел ҷидди муносибат (зананд, дасту пои ҷинояткро шикананд), чунин аблаҳон дар ҷомеъа пайдо намешаванд.
АВВАЛ РАФТА БА МАОШИ МУАЛЛИМИ ЗИНДАГИ КУНЕД БАЪД МЕФАХМЕД.
Ҳамаашро Худованд мебинаду медонад. Ҳалолаш бод бар муаллим пули мегирифтагиаш. Ҳалолаш бод. ОЗОДАГОН ЧОП БИКУН.

Ассалому Алекум Бародарони ахли Ислом ман Шахрванди Точик ки айни хол дар мусофириям ва ман гуфтаниям барои ин ходисаи баьд ахлоки фарзандони Точик ки дар холат ягон кас гунах гор нест мо худ гунахорем ки дар ойла тарбияи хуб дода наметовонем дар инчо Омузгор Мактаб гунах гор нест чй омузгор чикор кунад дар даст будаашро кор мекунад ва набудашро кор намекунад фарзандони мо 5 соат дар дарс бошад 10 соати дигар дар куча мегарданд дар ин ки гунах гораст албата волидайн як бор напурсад ки ту ба кучо мерави бо ки мерави манам ёш будам манам мехондам Падру Модари ман манро хама вакт мегуяд ки фарзандам ба Шом ба куча баромадан бе кор хиенат бар ойла кардаст ва бар Ватан хиенат аст чиба инро мо намегуем бар фарзандонамон ин Шармандагист бар миллати Точик то кай хукумат аз пушти мо гардад дар ин корхо баьд факат гунахгор мекунем Давлатамонро барои чи гунохи худро ба бар гардан намегирем як ойларо пеш бурда наметонем Рахмат ба Чаноби Оли 9 миллионро нигох мекунад аввалан бор гунох худро бар гардан гирем ба хукумат кор дор набошед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)