Бахшҳо
05 янв 2017 09:41---

Раиси Кумитаи телевизион номзади илмҳои иқтисодӣ мешавад

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон рисолаи номзадияшро ҳимоя намудааст.

Ин иттилоъро ба “Озодагон” профессор Раҷаб Раҷабов, устоди Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, раҳбари кори илмии Маҳмадсаид Пирзода таъйид намуда, афзуд, дар сурати тасдиқи кори шогирдаш аз сӯи Комиссияи олии аттестатсионии Русия ӯ номзади илмҳои иқтисодӣ хоҳад шуд.

Раҷабов афзуд, мавзӯи кори илмии Пирзода рушди телевизион ва радио буда, аз солҳои 2007 инҷониб сари ин мавзуъ кор карда истодааст: “Ҳимояи кори илмии Маҳмадсаид Пирзода моҳи декабр дар Душанбе сурат гирифт ва барои тасдиқ ба Комиссияи олии аттестатсионии Русия фиристода шуд. То тасдиқ наёбад ҳоло чизе гуфта наметавонем, акнун мо интизорем”.

Маҳмадсаид Пирзода соли 1989 шӯъбаи актёрии Донишкадаи санъатро хатм кардааст. Ӯ як муддат дар театри ба номи Лоҳутӣ фаъолият кардааст. Дар филмҳои ҳунарие монанди “Ашк ва шамшер” ва “Муҳаббат баъди 100 сол” нақш офаридааст.

Соли 1993 ба донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон дохил шудааст.

Соли 2000 муовини раҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” ва баъди як сол муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин шуд. Аз 22 августи соли 2005 раҳбари ТВ “Сафина” таъин гардида, 13 декабри соли 2013 дар курсии муовини аввали вазири фарҳанг такя зад. Аз 16 марти соли 2015 Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад.
Мӯҳр
Nek Vali
Имруз рузи хандаву хазл ми чи? Илтимос нахандонед ))

Карим
Холи парво накунед, академик хам мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)