Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 22:28

50 хушсалиқаи соли 2016-ро 20 январ эълон мекунанд

5 январ 2017, 10:23

Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” исми 50 нафари хушсалиқаи шаҳри Душанберо 20 январ дар як ҳамоиши хоса эълон мекунад.

Аз Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” ба “Озодагон” гуфтанд, фарқи озмуни имсол аз солҳои қаблӣ дар он аст, ки номзадҳоро худи ҳаводорони онҳо ба торнигори вижаи озмун пешниҳод карда ва нафарони ғолибро масъулини “Ватан” баргузидаанд.

Ба гуфтаи мубтакирони озмун, шартҳои аслӣ барои ғолиб эълон кардани нафарони баргузида, “салиқаи эъҷод, салиқаи маънавию зеҳнӣ, салиқаи касбию пешаварӣ, салиқаи фарзонагию нухбагӣ” будаанд.

Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” бори шашум аст, ки озмуни “ТОП-50”ё 50 нафари хушсалиқаи шаҳри Душанберо баргузор мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!