Бахшҳо

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон теъдоди занону ҷавононро дар ҳукумати кишвар ғайриқаноатбахш хондааст. Ӯ 5-уми январ дар ҷаласаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтааст, занону ҷавонон дар парлумон фаъоланд, аммо дар мансабҳои ҳукуматӣ кам мебошанд.

Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, раисиҷумур ба масъулини ҲХДТ дастур дод, ки дар тарбияи кадрҳо, пешниҳоди занону ҷавонон ба мансабҳои ҳукуматӣ фаъол бошанд.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ аз кори ҳизби ҳоким изҳори қаноатмандӣ карда, фаъолияташро дар интихоботҳо ва маъракаи вуруди тағйирот ба Конститутсия хуб баҳогузорӣ кардааст. Раиси ҲХДТ дастур додааст, ки масъулин дар соли нав барои таблиғу ташвиқи ташаббусҳои қабулгардидаи Тоҷикистон дар СММ, эълони соли ҷавонон ва дигар барномаҳои давлатию ҳизбӣ фаъол бошанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фард бошад.

Дар пайи суханронии Эмомалӣ Раҳмон дигар аъзои ҳизб, Гулбаҳор Назирӣ - муовини роҳбари фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулизор Пирова - донишҷӯйи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон, Орзу Ҳомидов - роҳбари намояндагии созмони ҷамъиятии “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, Саидбек Мирзомуддинов - раиси кумитаи ибтидоии ҳизб бо номи “Иттиҳод” дар Федератсияи Россия, Лайло Чоршанбиева - директори Мактаби президентӣ аз ноҳияи Рӯшон, Шаҳло Ватанова - раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳлои Ватан”, Афзалшо Карчиев - узви кумитаи марказии ҳизб дар “Неругоҳи Барқи Обии Роғун” ва Авазхон Кабиров - раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Султони Кабир” баромад карданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Мирзомуддинов, раиси кумитаи ибтидоии ҳизб бо номи “Иттиҳод” дар Федератсияи Русия хостааст, дар ҷалби омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикистон фаъол бошанд ва ваъда додааст, ки ҷониби давлат барои омӯзгорон шароити кору зиндагиро фароҳам хоҳад овард.


АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...

АКС: Норозигии Президент аз теъдоди ҷавонон дар ҳукумат: Пешниҳод кунед...
Мӯҳр
Чаноби Оли рост мегуяд, вале хукуматхо гапашро дуруст намегиранд. Дар ВМКБ хазорхо чавонон бекор астанд, вале дар хукуматхо ва ташкилотхои давлати асосан нафакахурон кор мекунанд. Чавононро таъна мезананд, ки аз ухдаи кор намебароянд. Агар барояшон чой холи накунанд, онхо чи тавр сохиби тачрибаи кори мешаванд? Хар нафакахур, бо хар бахона ва восита тарики шартнома солхо боз "кор" мекунад, то дар хона зик нашавад. Вале садхо чавонон кор наефта ба Русия мухочир мешаванд. Онхое ки имкони рафтан надоранд, бекор, бе воситаи зиндаги базур руз мегузаронанд, нафакахурон бошанд, сари столи кори 50 сол боз чои кабуд хурда шиштаанд. Илтимос чоп кунед, шояд ин дафъа нафакахурон е худ шарм доранд, е хукумат онхоро гусел намояд.

Бисер ташаббуси нек ва дурбинона вале агар пешниход кунанд рохи чавонон кушода мешавад ва агар не чавонон пир мешаванд. Кобилияти кори дар вакташ ва бамавкеъ бояд истифода шавад. Энергияи мусби дар назар аст албатта. Боки чавонон сарбаланд бошед.

Ба Гулниссо. Нафакахур агар географияаш тугри бошад, мемонанд, ки кор кунад. Худи ХХДТ нафакахурашро оварда дар рузномаи ХХДТ дар кор мондааст, хол он ки садхо нафари дигар бекор хастанд.

Точикисттон системаи тарбия ва пешравии хизматии кадрхоро надорад. Масъалахои вобаста ба хостагири ва чобачогузории кадрхо тахти таъсири омилхои субъективи хал мешаванд. Барои хамин дар "калодкаи" хукумати чаноби Президент неруи тоза ва салохиятнок кариб ки ворид намегардад. Ин холат, эхтимол, сарчашмаи проблемахои зиёд гардад....

Сохиб
Хазор рахмат Чаноби оли барои гамхорихо нисбати чавонон

Як нафар дина занг заду гуфт, ки раиси бадахшон Шодихон Чамшед аллакай ба ин навиштахо вокуниш кардааст- гуфтааст, ки хамаи нафакахуронро, аз хукумат сар карда, то идорахои начандон калон, новобаста аз хизматчии давлати будан е набудан , руихат карда, хаммашонро чавоб диханд. Дигар раисон низ ибрат гиранд.

шахрванд
Гулниссо,
Дар хукумат, дар парлумон ва дигар сатхи калидии рохбари бояд шахсони бо тачриба, бигузор нафакахур вале коршоям бошад даркор аст. Чунки онхо тамоми зиннахоро гузаштаанд ва ба хатогихо рох намедиханд. Чавонон кабл аз хама баъди хатми донишгоххо хатман хизмати модар ватанро бояд бачо биёранд. Баъд охиста охиста аз зиннахои поён баъди синни 40-45 солаги бо тачрибаи кофии касби ба кори рохбари пешниход шаванд. Барои рохбар гайр аз чавони фаъол ва мутахассиси хуб будан хирад дар чои аввал аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)