Бахшҳо
06 янв 2017 11:13Тоҷикистон / Акс

АКС: Пешниҳоди ба номи Шарифи Мисайзод гузоштани мактаби №23

Масъулини мактаби таҳсилоти миёнаи №23-и рустои Пушёни поёни ноҳияи Восеъ пешниҳод кардаанд, ин муассисаи таълимӣ ба номи журналист Шарифи Мисайзод гузошта шавад.

Исроил Раҷабов, мудири мактаби №23 дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, имрӯз, 6 январ бахшида ба солрӯзи Шарифи Мисайзод дар мактаб маҳфили ёдбуд баргузор мешавад: “Ба ин маҳфил пайвандони марҳум даъват шудаанд. Мо ният дорем дар оянда мактаб ба номи Шарифи Мисайзод гузошта шавад. Ӯ соли 1983 ин мактабро хатм кардааст”.

Ин дар ҳолест, ки шаш сол қабл мактаби №23 номи Юсуф Ваҳҳобов ро гирифта буд. Раҷабов аз Ваҳҳобов “шаҳиди роҳи озодӣ дар солҳои 90” ёд кард.

Шарифи Мисайзод 16 июни соли 2016 дар синни 50 бар асари бемори қалб дар шаҳри Душанбе даргузашт. 17 октябр Иттифоқи журналистон эълон кард, Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015 дар бахши матбуотро баъд аз марг ба Мисайзод эъто кардаанд.

Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили факултаи филологияи тоҷик (шӯъбаи журналистика)-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1990 мебошад. Фаъолияти кориро соли 1992 аз идораи Ахбори радиои “Тоҷикистон” шурӯъ карда, яке аз масъулини барномаи машҳури “Хоки Ватан” дониста мешавад.

Солҳои охир аз хабарнигорони фаъоли радиои "Садои Душанбе" буд. Ӯ машқи шеър ҳам мекард ва навиштаҳояш бо тахаллуси Шайдо дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд.


АКС: Пешниҳоди ба номи Шарифи Мисайзод гузоштани мактаби №23

АКС: Пешниҳоди ба номи Шарифи Мисайзод гузоштани мактаби №23

АКС: Пешниҳоди ба номи Шарифи Мисайзод гузоштани мактаби №23
Мӯҳр
Вокеан Шарифчон инсони хоксору дилчуй буданд. Хар сухану гуфторашон пурмаьниву дилчасп буд... Афсус, ки дар айеми ташаккули акидахошон дунеро падруд гуфтанд. Пас аз даргузашташон хаел мекунам, дар сахнаи "Садои Душанбе" чойи бародари мо холи хозир хам холист. Аз байни мо рафтани чунин шахсиятхои бофархангу заки албатта талафотест, ки ногуфтанист. Ва икдоми маьмурияти мактаби дехае,ки Шарифчон он чо сабак ширифтаанд, боис ба дастгирист ва шоистаи тахсин аст.

Меарзад. Ман чонибдорам

Ман зид хастам чунки у ба чамъият ягон хизмати арзанда накардааст. У як журналист буд ки ягон эчодиёте барои бехбудии чамъият аз худ нагуфтааст. Ончи ки ба у навишта медоданд уро аз болои когаз мехонд.

Devona
Ba ehsosot doda nashaved.YAk sol pas uro ham chun Юсуф Ваҳобов faromush mekuned.Agar sar(kalla) doshta boshed, sadho kori hajri digare hast,ki nomi favtidaro "zinda" gardonidan mumkin. Afandi yak harak dosht, shumo maktab dored...

Айнӣ
Дар болои кӯҳи Хӯҷамӯъмин ҳукумати ноҳияи Восеъ ҳайкалӣ Н.Д Томинро соли гузашта сохт. Хизматаш солҳои "босмачигарӣ" (ба гуфти урусҳо басмачство) тоҷик куштааст. Худи урусо аз Врангелу Деникин қаҳрамон сохта истодаанд. Яъне муқобилони Томинро.
-Ману ту ҳайкали Томин месозему Мисайзоди бечораро, ки тоҷик буду дар заминҳои ҳамон колхозу деҳа пахта мечиду мақола навишта, мардуми ҳамон маҳалро дар Ҷумҳурӣ ситоиш мекард, номашро канда мепартоем. Маънии кӯҳистонӣ ҳам дар фаҳмиши мардуми донишманд ин -"яъне беақл, аз фарҳанг дур монда"-мебошад.
-Инро ту як бори дигар исбот кардӣ... Мактабатро номашро ба номи Тухачевский мон!...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)