Бахшҳо

Шабдолов: Ҳеч гоҳ ба раҳбарии Ҳизби коммунист барнамегардам

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд дигар ҳеч гоҳ ба раҳбарии ин ҳизб барнамегардад, зеро мехоҳад аз хушомадгӯию дурӯягӣ канор бошад.

Шабдолов имрӯз, 6 январ дар суҳбат бо “Озодагон” аз афзоиши чоплусӣ ва нақзи оинномаи ҲКТ интиқод карда, афзуд, ки то охири умр узви ҳизб боқӣ мемонад, аммо ба Кумитаи марказии он барнамегардад: “Ман дигар нахостам бо он рафиқҳое, ки рӯирост ба ҳизб ва платформа ва мавқеъгиии ҳизб хиёнат карданд, ҳамнишин бошам. Аз ин рӯ дар охирин анҷуман бо нишони эътироз гуфтам, ки дигар ин ҷо истода наметавонам. Дар ҳизб дурӯяҳо зиёданд ва ман дар ақидаам устувор буда, дигар барнамегардам”.

Ба гуфтаи Шабдолов роҳбарияти ҲКТ аз мавқеи марксистӣ сарфи назар кардааст, вале бо хушомадгӯӣ ва тамаллуқ обрӯй нахоҳад ёфт.

Ӯ афзуд, тарафдори он аст, ки дар ҳизб ҷавонҳои донишманд зиёд бошад: “Раҳбарияти ҳизброо танҳо анҷуман интихоб мекунад. Барои раиси ҳизб бояд сиёсатшиносу таърихдон буд. Худи Азимҷон Насимов, барои ҷавон кардани ҳайат гап мезанад, вале синну соли худаш аз 80 боло рафтааст”.

Мирзоазим Насимов, мушовири иқтисодии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки баъди даргузашти Исмоил Талбаков раиси муваққатии Ҳизби коммунистӣ интихоб шудаст, ахиран ҳизби ба истиллоҳ киссагӣ будани ҲКТ-ро рад карда, афзуд, ки барои нуфузи ҳизб бо ҳамаи аҳзоби расмӣ кор хоҳанд кард. Теъдоди аъзои ҳизб айни ҳол ҳудуди 35 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ки ба гуфтаи Насимов 80%-и онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аммо бархе муътақиданд, ки баъди раҳбарии Шабдолов дар ҲКТ, ки 26 сол давом кард, ин ҳизб пойбанди ҳукумат хоҳад шуд.
Мӯҳр
Оплв
80 фоизи хизбро чавонони то синни 80сола ташкил медихад)))

iljas
На самом деле стойкий и честный дядя Шоди Давлатович! Пример молодым!

Нав бачаи баакл шиди братан Шабдолов.

мухочир
офарин шабдолов бадтарин сифати инсон чоплуси аст

Шералӣ
Шери нар, Шабдолов!!
Ҷони гапро гуфтед!!
Дилам тар шуд!!!!
Садсола шавед!!!

Фанат
Мухтарам Шабдолов, ман як хает фанати Шумо будем. Садсола шавед!!!!

озод
дар 25 сол нафахмидед бади истефо зуд фахмидед ин хело ачоиб менамояяд.ин хизби КПСС нест яне по таджиксскии дигар шуда хам наметавонад

даъватки накарданд дигар чи хаммегуфти..)))

Шери нар. Гапа чонша гуфти! Метарсм чоплусако бо гарангут накунан. Шерои нар кам мондан.

Занчабили Ширин
Пешниход мекунам, ки барои чунин мусохибаи часоратбарангез ва оташин ба Шабдолов дар маркази нохияи Ленин ээээээ Рудаки хайкал эээээ мучассама гузошта шавад!

Sorbon
Ofarin Shabdolov dar haqiqat mard budai rui rost megui

Кӯлобӣ
Шодӣ Давлатович,
30 пеш дар як ноҳияи кӯҳистон кор мекардам. Маҷлиси чӯпонҳо бояд барпо мегашт. Маърӯзаи котиби райкомро бист варақ ба забони тоҷикӣ тайёр кардем. Баъд гуфтанд, ки котиби дуюми Сека Лучинский меояд. Шаб то рӯз барои Лучинский маърӯзаро ба русӣ тарҷима кардем. Лучинский фаҳмиду одамони корро мекардагӣ- чӯпонҳо нафаҳмиданд, чӣ маҷлис буд...
Так что мӯҳтарам котиби Сека хушомадро асосашро ҳизби мою Шумо гузошт, ки баъд мода шуд...

Тахлилгар
Чаноби Шабдолов ба фикри ман як сафари хач рафта оеду ришатонро баланд монеду фикри охиратро кунед, панч вакт намозро бо чамоат дар масчид хонда, доим ба ёди Худо бошед! Худованд мегуяд харчанд гунахкор хам боши ба суи ман ручуъ кун, ман туро омурзиш мекунам.

Зиндаги бо бандаги зебандагист
Зиндаги бе бандаги шармандагист!


Мухтарам Шабдолов инсони ҳақ будааст ин хел шахсон хеле каманд.Рахмат ба Шумо.

Курков,
шид не тролейбус! шуд-точики навис,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)