Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 22:31

Вокуниши Ҳинд ба гирифтани фурудгоҳи "Айнӣ" аз сӯи Русия

6 январ 2017, 15:37

Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон дархости Русия барои гирифтани фурудгоҳи Айнии Тоҷикистонро, ки бо 70 миллион доллар маблағи Ҳинд бозсозӣ шуда буд, шарҳ додааст.

Мубошир Ҷавод Акбар, вазири хурди умури хориҷии Ҳиндустон 5-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар мавриди дархости Русия барои гирифтани фурудгоҳи Айнӣ гуфтааст, “бовар надорем, ки Русия метавонад хилофи манофеи стратегии Ҳиндустон кор кунад. Муносиботи мо бо Русия аз имтиҳони вақт гузаштааст ва муътақидем, ки озмоишҳои ояндаро низ паси сар хоҳад кард. Мо фикр намекунем, ки Русия хилофи амнияти Ҳиндустон ва манофеи миллии мо кор кунад”.

Расонаҳои ҳиндӣ зикр кардаанд, ки қаблан масъулини ин кишвар дар шарҳи таҷдиди Айнӣ изҳор доштанд, ки мехоҳанд нуқтаи вуруд ба минтақа ва ҳузури низомӣ дар наздикии Афғонистонро таъмин кунанд.

Аммо ахиран Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, аз мақомоти тоҷик барои истифодаи фурудгоҳи Айнӣ дархост кардаанд, зеро пойгоҳи 201 ба нерӯҳои ҳавоӣ ниёз дорад.

Ҳиндустон соли 2007 бо харҷи 70 миллион доллар фурудгоҳи Айнӣ дар 15-километрии ғарби Душанберо таҷдид ва азнавсозӣ кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чими

  • 7 январ 2017 07:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистони имруза аз русся аст агар хохад бечунучаро мегирад.хиндухои бечора хутона гам натен ва моро бекора кабул ва зийофат доден. Барои мо асосаш хифзи мансаб.
Посух додан
  • Фирдавс

  • 9 январ 2017 10:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кадомеш, ки маблаги зиёдтар барои ичорааш дихад, аз хамон шавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!