Рӯшон: Кордзанӣ барои вазифаи директори мактаби варзишӣ
Дар пайи як муноқиша зимни таъини мудири мактаби варзишӣ дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон Самсон Зарифбеков, мураббии варзиш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Торнамои расмии Вазорати корҳои дохилӣ менависад, Зарифбековро мураббии дигар -- Хушвақт Дастамбуев захмдор кардааст.
Бино ба иттилои расида, Самсон Зарифбеков дар бемористони шаҳри Хоруғ бистарӣ ва як ҷарроҳиро пушти сар кардааст.
ВКД мегӯяд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, се тан ҳамчун гумонбар дастгир шудаанд.
Радиои Озодӣ хабар додааст, ки ин ҳодиса бар асари норизоиятии бархе аз мураббиёну паҳлавонон аз таъйин шудани Бовар Шуҷандидов ба ҳайси директори Мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон сар задааст.
Ғофилбек Зарифбеков падари Самсон Зарифбеков ва ҳамчунин роҳбари пешини ин мактаби варзишӣ гуфтааст, се мурабии варзиш Хушвақт Дастамбӯев, Меҳрубон Дастамбӯев ва Тайғун Тайғунов аз таъини роҳбари нав норизоятӣ карданд ва ҳоло ҳар се ҳамчун гумонбар дар қазия боздошт шудаанд.
Аммо Самсон Зарифбеков гуфтааст, аз ҳамлагарон шикоят намекунад ва мехоҳад қазия мусолиматомез ҳал шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |