Пули марказии Хуҷандро бо 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ таъмир мекунанд
Маъмурияти шаҳри Хуҷанд мегӯяд, қарор аст баъди 54 сол пули марказии шаҳр таъмир шавад.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, лоиҳаи таъмири пул омода шуда, дар назар аст корҳои сохтмонии он соли 2017 шурӯъ гардад: “Таъмири ин пул тибқи тендер сурат мегирад ва бино ба иттилои масъулини идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зарур аст”.
Ин пул бо дарозии 620 метр ва паҳноии 12 метр ҳанӯз 54 сол қабл, дар замони Шӯравии пешин сохта шудааст. Бар асоси тарҳи нав паҳноии купрук аз 12 ба 14 метр васеъ карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |