Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 19:47

Баррасии манъи “калян” дар ҳукумати Тоҷикистон

7 январ 2017, 09:42

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҳукумат хостааст, истифодаи “калян”-ро, ки солҳои охир дар кишвар афзоиш ёфтааст, мамнуъ кунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми январ бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, гуруҳи корӣ қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири навро ба ҳукумат пешниҳод кардааст: “Ин тарҳи қонун аллакай дар ҳукумат аст ва рӯзҳои наздик ба раёсати ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд”.

Ӯ афзуд, агар раёсати ҳукумат ва дигар ниҳодҳо, аз ҷумла парлумон дастгирӣ кунад, эҳтимоли комилан мамнуъ кардани “калян” низ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошад.

Оқои Ҷаъфаров афзуд, истеъмоли калян дар баробари он, ки барангезандаи бемориҳои онкологӣ ва дилу рагҳо мебошад, инчунин метавонад сарчашмаи паҳни бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил гардад: “Эҳтимолияти он, ки ҳангоми истифодаи калян микробҳо аз одами бемор ба калян ва ба ҳамин тариқ ба одамони дигар гузаранд, мавҷуд мебошад. Аз ҷумла боиси паҳни бемориҳои занбуруғию роҳҳои нафас шуда метавонад”.

Муовини вазири тандурустӣ афзуд, ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки истифодаи "калян" то ҳадди имкон маҳдуд шавад. Аз ҷумла муқаррароти техникиро зикр кард, ки нисбат ба ҷой, таҷҳизот ва ҳам муштукҳо бояд татбиқ шавад. Ҷаъфаров афзуд, дар тарҳи нави қонун дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку инчунин сигорҳои электрониро ворид кардаанд, ки то ҳол дар қонунгузории кишвар набуд.

Бо такя ба хулосаи Вазорати тандурустӣ Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон масъалаи манъи таблиғи “калян”-ро ба миён гузоштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ризвон

  • 7 январ 2017 09:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А бача ҳаму Қалёни худмон аст на "калян"!
Посух додан
  • RT

  • 7 январ 2017 15:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НАВ Х,УШТОН БА САР ЗАД? БАЪДИ ИН ДИСКОКЛУБХОРО ХАМ БАНДЕД БЕХТАРИН МЕШУД, МУХТАРАМ "ХИЗМАТГОРОНИ ХАЛК"!!!!!!
Посух додан
  • Muhojir

  • 7 январ 2017 15:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
RT,
Baroi chi discoklubhoro? Onjo joi dilhushii javonon. Handavu bozi, shuru magal, ishku oshiki ...Oromi hamesha hafnok.
Посух додан
  • Бетартиб

  • 7 январ 2017 18:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бгирен ку даравда титу пит кнен шахра. Бояд Душанбе ранги кишлоки худмон шавад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КАЛЁНХОНАХО дар хама давлатхо хастанд дар холати риояи коидахои санитарй ягон хел сироят намешавад.Бехтараш носро манъ кунед!Махз барои носкаши моро дар Русия бад мебинанд.Дар дохили автобусу троллебус,метро ва трамвай нос туф мекунанд.Дар самолёт ин як дарди сар аст.Созандагони "ЭЙРБАС" ва "БОИНГ" медонистанд ки як руз точикхо низ аз махсули дасти онхо истифода мекунанд,албатта дар хар чои нишаст зарфи махсус барои ностуфкунй мемонданд.Алхол бошад рохбаладу фаррошхо очаи моро хакорат дода туфи моро тоза мекунанд.....
Посух додан
  • тохир

  • 9 январ 2017 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта баъди махдуд кардан лачоми ин чиз ба дасти вазорати тандурусти мемонад. Онхо ба касе хоханд лицензия медиханд, нахоханд хеч чиз...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОН кадаре ки марде ку бигирен аракнушивву аракфуруширо МАНЪ кунен!
Сигаретфурушиву сигарет каширо манъ кунед ана баъд чомеа ячи саломат мемонад.
Посух додан
  • Ҳикмат

  • 9 январ 2017 14:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
...Чилимро тоза кун, баҳри мусофир,
Ки имшаб инҷою фардо куҷоем...

Ин ягон иртиботе ба бюрократию литсензияю пулҷамъкунҳо надорад. Шираи меваю гулҳои шифоист, ки барои тоза кардани шушу меъда ва дигар узвҳои ҳозима, асрҳо аҷдодони мо онро истифода, мебурданд. Дар ҳамаи асарҳои шахсиятҳои бузург аз он ёд мешавад. Дар эрону кишварҳои арабӣ барои истеъмоли маводи мухаддир ба дор мекашанд. Вале қалён (чилим) мамнӯъ нест...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!