Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 02:53

Cафорати Амрико: Трамп сафир дар Душанберо барканор намекунад

9 январ 2017, 09:00

Сафорати Амрико дар Душанбе изҳороти Доналд Трамп, раисиҷумҳури тозаинтихоби Амрико дар мавриди барканории тамоми сафирони ин кишвар дар хориҷро шарҳ дод.

Тавре аз сафорати Амрико ба "Озодагон" иттилоъ доданд, дар изҳороте, ки аз қавли Доналд Трамп дар расонаҳои амрикоӣ чоп шудааст, танҳо дар мавриди сафироне сухан меравад, ки бевосита аз ҷониби Барак Обама, раисиҷумҳури феълии ИМА таъин шудаанд: "Ин изҳорот ба Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон дахл надорад, зеро ӯро худи департаменти давлатии ИМА таъин кардааст. Ҳастанд сафироне, ки бевосита аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико таъин мешаванд ва Трамп хостори барканории маҳз онҳо шудааст".

Ахиран расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА бо ирсоли дархост ба Вазорати умури хориҷии ИМА таъкид кардааст, ки бидуни истисно то санаи қабули савгандаш, ки 20-уми январ дар назар аст, тамоми сафирони кишвараш дар хориҷ мақомашонро тарк намоянд.

Расонаҳои амрикоӣ бо нашри ин хабар дастури Трампро мушкилзо хондаанд, зеро Амрико метавонад то тасдиқи номзадҳои нав дар бархе аз кишварҳои муҳим бе сафир монад.

Шарҳи сафорати Амрико дар ин маврид дар ҳоле ироа шуд, ки аз оғози фаъолияти Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳамагӣ як сол гузаштааст. Миллард, ки аввали соли 2016 ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад.

Тибқи иттилои мақомоти Амрико Элизабет Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намуда, дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият кардааст ва якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст: “Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, Сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Дели, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани” дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст”.

Миллард дар мақоми сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиоттро иваз карда буд, ки аз моҳи октбяри соли 2012 дар ин курсӣ менишаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин трамп сари кадомера мехра

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!