Бахшҳо
09 янв 2017 10:10Тоҷикистон / Сиёсат

Номаи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Руҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар номае унвони ҳамтои эрониаш -- Ҳасани Руҳонӣ, даргузашти Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар ин барқия омадааст, “Ҷаноби Олӣ, хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи мо гардид”.

Дар идомаи нома таъкид мешавад, “дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти Эрон иброз дошта, барои пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам. Худованд ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад”.

Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раисҷумҳури собиқи Эрон бар асари оризаи қалбӣ, шоми якшанбе дар 82-солагӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон даргузашт.

Рафсанҷонӣ, ки то замони марг масъулияти дабирии Маҷмаи ташхиси маслаҳати низоми Эронро бар уҳда дошт, яке аз ёрони Ҳумайнӣ, пешво ва раиси Инқилоби исломии Эрон ва ҳамчунин яке таъсиргузортарин шахсиятҳои сиёсии ин кишвар буд. Дар даврони роҳбарии ӯ Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият пазируфт ва раисҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ҳам яке аз аввалин сафарҳои хориҷиии худро ба давлати таҳти идораи Рафсанҷонӣ анҷом дод. Ҳамчунин давлати Рафсанҷонӣ яке аз мизбонони давраҳои музокироти Сулҳи тоҷикон буд ва шуморе аз мухолифини тоҷик ҳам дар ин даврон дар Эрон панаҳ бурда буданд.

Ҳошими Рафсанҷонӣ дар поёни давру дуввуми раёсати ҷумҳурии худ, дар соли 1997 ба Тоҷикистон ташриф овард, ки аз назари коршиносони равобити Тоҷикистону Эрон такони ҷиддие дар рушди равобити ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буд.

Рафсанҷонӣ соли 1935 дар шаҳристони Рафсанҷон таваллуд шудааст. Таҳсилро аз 5-солагӣ оғоз мекунад ва дар 14-солагӣ дар Қум ба таҳсили диннӣ мепардозад. Ӯ як сиёсатмадор, муфассири Қуръон, раиси собиқи Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, намояндаи мардуми Теҳрон дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, раиси ҳайати муассисон ва ҳайати уманнои Донишгоҳи озоди исломӣ буд. Ӯ нахустин раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ва чаҳорумин раисҷумҳури Эрон дар ду давраи пай дар пай (солҳои 1989-1997) низ буд. Рафсанҷонӣ ҳамчунин дар тамоми давраҳо дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ намоянда буд ва дар солҳои 2007-2011 дувумин раиси ин Маҷлис буд.

Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳамчунин дар сол 1384 дар интихобот раёсатҷумҳурӣ ширкат кард, ки дар даври дувум аз Маҳмуд Аҳмадинажод шикаст хӯрд. Дар интихобот риёсатҷумҳурии соли 2009 Ҳошимӣ ва хонавода ӯ бо сароҳат аз Мирҳусайн Мусавӣ, номзади ислоҳталабон ҳимоят кард ва баъд аз саркӯб шудани мӯътаризон ва натоиҷи ин интихобот интиқоди шадид намуд. Ҳамин навъи бархурдҳояш боис шуд, ки ӯро бо иттиҳоми ҳамсӯйӣ бо фтнагарон муттаҳам бикунанд ва ба тадриҷ ҷойгоҳи имоматии намози ҷумъа, раёсати Маҷлиси хубрагон ва асаргузорӣ бар Донишгоҳ озоди исломиро аз даст дода ва фарзандонаш низ пастҳои худро аз даст бидиҳанд.

Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ дар интихоботи 2013 ҳам номзад шуд, вале номзадии ӯро Шурои нигаҳбон напазируфт. Дар ин интихобот Ҳошими Рафсанҷонӣ аз Ҳасан Рӯҳонӣ ҷонибдорӣ кард, ки баъди пирӯзии Рӯҳонӣ хонаводаи Ҳошими Рафсанҷонӣ ба тадриҷ ваҳҷаи сиёсии худро дарёфт намуданд.

Алиакбар Ҳошими Расанҷонӣ яке аз ёрони содиқ ва аз бунёдгузорони Инқилоби исломии Эрон буд. Ӯ бо Ҳумайнӣ замони таҳсил дар Қум ошно шуда буд. Дар ҳамин ҷо зери таъсири Ҳумайнӣ ба сиёсат гаравид ва аз мухолифони Муҳаммадризошоҳи Паҳлавӣ гардид. Дар замони мухолифат бо режими шоҳӣ яке аз муҳраҳои калидии Инқилоби исломӣ буд ва бо вуҷуди дидгоҳҳои зиддиғрабӣ доштанаш сафарҳои зиёде ба кишварҳои шарҳӣ ва ИМА дошт.

Рафсанҷонӣ дар замони пеш аз Инқилоб яке аз мухолифони сарсахти барномаҳои навгароёнаи Шоҳ буд, ки бо номи Инқилоби сафед ёд мешавад. Баъди фирори Ҳумайнӣ аз Эрон Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар Эрон боқӣ монд ва мухолифатҳояшро бо режими Шоҳ идома дод, ки ин ҳама мухолифатҳояш саранҷом ӯро ба зиндон кашонданд. Аз соли 1958 то 1978 ӯ барои фаъолиятҳои сиёсияш 7 бор ва маҷмуъан 4 солу 5 моҳ бо ҷурми фаъолияти махфиёна алайҳи ҳукумат ба зиндон уфтод.

Дар даврони пеш аз Инқилоб ҳарчанд фаъолияти муборизотии ӯ суханрониҳои мухталиф ва ва корҳои нашру таблиғ буд, вале нуфузи Расанҷонӣ то ҷойе буд, ки Ҳумайнӣ мудирии молии муборизот ва иртибот бо сойири гуруҳҳои инқилобиро низ дар ихтиёри ӯ гузошт. Баъд аз Инқилоб ӯ яке аз аъзои Шӯрои Инқилоби исломӣ шуд ва баъдан яке аз чеҳраҳои қудратманди ин Шӯро гардид. Ҳамчунин муддате муовинат ва сарпарастии вазорати кишвар (дохила)-ро низ бар уҳда дошт.

Таҳлилгарони умури сиёсии Эрон ду омили аслиро дар боло рафтани нақши ӯ дар қудрат ва низоми сиёсии икшвараш баъд аз Инқилоби исломӣ зикр мекунанд: доштани заковатии сиёсии бештар нисбат ба дигар бозигарони саҳнаи сиёсати Эрон ва эътимоди комили Ҳумайнӣ ба ӯ. Ҳамчунин Ҳошимиро яке аз шаклдиҳандагони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ медонанд.

Соли 1979 ӯ ҳодисаи гаравгонгирӣ дар сафоратхонаи Амрикоро тавассути донишҷӯн “яке аз бузургтарин иқдомот созанда дар таърихи кишвар” номид, вале дар як мусоҳибаи дигари худ дар даҳумин солгарди Инқилоб гуфт, ки “гаравгонгирӣ иштибоҳ буд”. Ӯро ҳамчунин яке аз тавинкунандагони фаъоли қонуни интихоботи пас аз Инқилоб медонанд, ки дар ин интихобот ба Маҷлис роҳ ёфт ва нахустин раиси ин Маҷлис шуд.

Ҳошимӣ дар давраи ҷанги Эрон бо Ироқ ҳамчунин яке аз шахсиятҳои калидӣ буд, ки илова бар раёсати Маҷлис, яке аз имомҳои ҷумъаи муваққати Теҳрон (то сӣ сол баъд), намояндаи Ҳумайнӣ дар Шӯрои олии дифоъ ва ҷонишин Фармондеҳи кулли қуво дар моҳҳои поёнии ҷанг буд. Ӯро ҳамчунин аз касоне медонистанд, ки Ҳумайниро ба пазириши хотимаи ҷанг бо Ироқ водор кард.

Баъд аз марги Ҳумайнӣ донандагони умури сиёсии Эрон Ҳошимиро аз касоне медонанд, ки барои раҳбар шудани Сайдалии Хоманаӣ нақши ҳалкунанда гузоштааст. Дар ин даврон, ки даврони рушди қудрати ӯ гуфта мешавад, Рафсанҷонӣ ба яке аз чеҳраҳои боризи саҳнаи сиёсати Эрон табдил ёфт ва лақаби “сардори созандагӣ”-ро ба худ касб кард. Ҳарчанд ҷомеаи Ғарб давраи аввали раёсати ҷумҳурии Ҳошимиро аз давраҳои торики Эрон аз нигоҳи ҳуқуқи башар номидаанд, вале таҳлилгарон бар ин назаранд, ки “ҳузури як руҳонии фурсатталаб ва бо дидгоҳҳои камтар суннатӣ дар раъс ҳарами қудрати Эрон боис шуд то ҳукумат машрӯъияти бештаре касб кунад”.

Номаи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани РуҳонӣҲошимии Рафсанҷонӣ дар даври дувуми раёсати ҷумҳурии худ борҳо аз худ тамоюлҳое барои барқарор кардани равобит бо ИМА нишон додааст, ки ҳамвора ба шикаст мувоҷеҳ шудаанд. Дар ахири даври дувуми раёсати ӯ додгоҳе дар Олмон ба қазияи террури Микунус Алии Хоманаӣ ва Ҳошими Рафсанҷониро дар содир кардани дастури ин террур муттаҳам карданд, ки ин муҷиби буҳрони муносиботи Эрон бо Аврупо гардид. Дар поёни давраи дувуми раёсати худ Рафсанҷонӣ бо муҳофизакорон ихтилофоти густардае пайдо кард, ки дар ин ихтилофот Хоманаӣ тарафи муҳофизакоронро гирифт ва талош кард, ки аз қудрати Ҳошимӣ ба нафъи худ бикоҳад. Бо наздиктар шудани поёни даври дувуми раёсатҷумҳурӣ Комиссияи фарҳанг ва иршоди Маҷлиси шурои исломӣ талош кард ислоҳияеро ба тавсиб бирасонад, ки ки Ҳошимӣ битавонад бар асоси он пай дар пай дар даври севумин ҳам дар интихобот иштирок кунад. Вале ин амал мавриди эътирозоти густардае қарор гирифт ва Ҳошимӣ бо ислоҳталабон масири ислоҳотро пеш гирифт. Ибтидо ӯ талош кард то Мирҳусайн Мусавиро кондиди ислоҳталабон бикунад, вале чун Мусавӣ напазируфт, аз номзадии Сайид Муҳаммад Хотамӣ ҳимоят ва ҷонибдорӣ кард.

Ҳошимӣ дар интихоботи баъдӣ бо Аҳмадинажод вориди мубориза шуд ва ҳарчанд дар даври аввали интихобот раъйи бештаре аз рақиби худ бурда буд, вале дар даври дувум аз шикаст хӯрд. Ҳошимӣ аз натоиҷи интихобот эътироз кард ва гуфт, ки “дахолатҳои созмонёфтае интихоботро олуда кард”.

Дар интихоботи соли 2009, ки аз пурмуборизатарин интихоботҳои Эрон дониста мешавад Ҳошимӣ аз Мусавӣ ҷонибдорӣ кард ва танишҳои бузурге миёни Мусавӣ ва Аҳмадинажод сар зад. Дар мунозираи телевизионие Аҳмадинажод иттиҳомотеро ба хонаводаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ ворид сохт. Ҳошими низ танҳо се рӯз қабл аз интихобот ва дар як нома саркушода ба Хоманаӣ, иддаоҳои Аҳмадинажодро “дурӯғ, тӯҳмат ва хилофгӯӣ” хонд. Хоманаӣ низ даҳ рӯз баъд чунин гуфт: “Ман аз сол 1336 - яъне 52 сол қабл - эшонро аз наздик мешиносам. Оқои Ҳошимӣ аз аслитарин афроди неҳзат дар даврони муборизот буд. Аз муборизини ҷиддӣ ва пайгири қабл аз инқилоб буд. Баъд аз пирӯзии инқилоб аз муассиртарин шахсиятҳои Ҷумҳурии исломӣ дар канори имом буд. Баъд аз реҳлати имом ҳам дар канори раҳбарӣ то имрӯз. Ин мард борҳо то марзи шаҳодат пеш рафта. Қабл аз инқилоб амволи худашро сарф инқилоб мекард ва ба муборизин медод. Дар тӯли ин муддат ҳеҷ мавридеро сӯроғ надорем, ки эшон барои худаш аз инқилоб як андӯхтае дуруст карда бошад”.

Вале чанд рӯз баъд Ҳошимӣ сукути ғайримаъмули худро шикаст ва Шӯрои нигаҳбонро “ба аз даст додани фурсат муттаҳам кард”. Натоиҷи интихоботро аз диди мардум машкук ва тардидомез хонд ва аз ҳокимият хост то бо озод кардан зиндонёни сиёсӣ ва баргардондани эътимод ба мардум иқдом кунанд. Баъдан Ҳошимӣ басиҷ шудани неруҳои ҳукуматро дар муқобили муътаризин кори нодурусте хонд ва ҳукуматро ба он гунаҳкор кард, ки натавонист ба эътирози милиёнҳо расидагӣ кунад.

Баъди пирӯзии Ҳасани Руҳонӣ дар интихоботи соли 2013, Ҳошимӣ дар интихоботи Маҷлиси Хубрагон иштирок ва болотарин райъро ба даст овард.

Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз бунёнгузорон Донишгоҳ озоди исломӣ буд, ки ин донишгоҳ дар ҳоли ҳозир беш аз 200 миллиард доллар дороӣ дорад. Дар ҷараёни интихобот раёсатҷумҳурии 2009 Донишгоҳ озод яке аз пойгоҳҳои мухолифат бо Аҳмадинажод буд ва Аҳмадинажод талош дошт то нуфуз давлатро бар ин муассисаи ғайридавлатӣ густариш дода ва аз нуфузи Њошимӣ дар он бикоҳад.

Хонаводаи Ҳошимиро яке аз сарватмандтарин хонаводаҳои Эрон медонанд ва дар интихоботи соли 2005 яке аз омилҳои бохтӣ ӯ дар баробари Аҳмадинажод вовзаҳои дороиҳои ҳангуфти ӯ буд. Вале тавре худи Рафсанҷони дар як ривояти ёддоштӣ менависад падар яке аз тоҷирони писта ва пулдорони минтақаи Навқ буд. Ӯро ҳамчунин “Форбс” зери уновни “Муллоҳои миллионер”мунташир карда буд. Дар як гузориши Кунгураи Амрико омадааст, ки танҳо тиҷорати писта дар Рафсанҷон,ки боғҳои писта зери назари писарамаки ӯ идора мешуданд солона 746 миллион доллар медиҳанд. Созмонҳо ва ниҳодҳои молии байналмамилалӣ аз контроли хонаводаи ӯ бар миллиардҳои даоллар дороӣ гузориш медоданд.

Расанҷонӣ таълифоти густардае дар ҳавзаҳои гуногун дошт. Аз ҷумла теъдоде аз китобҳо бо унвони Маҷмуи хотироти рӯзона интишор намуда буд. Гуфта мешавад, ки бархе аз хотироти ӯ бар асоси далоили амниятӣ интишор нашудаанд. Вале бар асоси мусоҳибаҳо, хотирот, матни комили хутбаҳои намози ҷумъа, суханрониҳо ва нутқҳояш дар Маҷлис китобҳои ҷудогонае мунташир шудааст.

Яке аз китобҳои муҳимми ӯ “Даврони мубориза” аст, ки хотироти пеш аз пирӯзии инқилобро дар бар мегирад ва таҳлилгарон бархе матолиби ин китобро барои ошноӣ бо дидгоҳҳои ӯ бисёр муфид хондаанд. Ҳамчунин китоби дигар ӯ “Тафсири роҳнамо” мебошад, ки тафсири мавзӯии Қуръон буда, ки гуфта мешавад бахше аз онҳо дар зиндон таълиф шудаанд. Баъзе аз асарҳои муҳимми ӯ низ инҳоянд: “Саргузашт Фаластин”, “Озодандешии исломӣ ва равшанфикри исломӣ”, “Ҷойгоҳ масоҷид дар низом исломӣ аз манзари Қуръон”, “Ҷаҳон дар аср биъсат”.

Рафсанҷонӣ баъд аз марги Ҳумайнӣ яке аз пурнуфузтарин ва пурмоҷаротарин шахсиятҳои сиёии Эрон буд ва акнун адами ҳузури ӯ дар саҳнаи сиёсати Эрон имкони тағйири бозиҳоро дар дохили низом ба вуҷуд меоварад.
Мӯҳр
Арзи салом ва адаб хидмати кормандони хабаргузори Озодагон лутфан дар матни ин паёматон хатои имлои зиёд аст лутфан онро ислоҳ намоед бо ташакур аз шумо......

ایرانی
خدایش بیامرزاد

Ҳаким
"пастҳои худро аз даст бидиҳанд." .. "пуст" дуруст, на "паст"
"Баъди фирори Ҳумайнӣ аз Эрон??? Хумайнӣ кай фирор кард? Хумайниро Шоҳ табъид кард, фирор яъне гурехтан ба ихтиёри худ, табъид яъне як нафар ба зур шуморо дур кунад. Хоҳишан диққат кунед

Чамрон
Ҳумайнӣ не, "Хумайнӣ" зодгоҳаш Хум аст, на Ҳум.
"Озодагон" чунин маводҳоро қабл аз чоп аз назари донишмандони соҳа гузаронед. Мактаби ироншиносии Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ хеле пешрафтааст. Рафсанҷонӣ баъди Хумайнӣ (Хоменей не) нафари аввали Инқилоби исломии Ирон буд. Орзу дошт, Роҳбари инқилоби исломӣ бошад, вале умраш кӯтоҳӣ кард. Ба ҳар ҳол ба гуфти ирониҳо Худо биомурзаш...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)