Бахшҳо

Х.Холиқназар: Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дигар тира нест

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии наздии Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш изҳор дошт, ки дар тирагии равобити Тоҷикистону Эрон худи Эрон муқассир аст.

Ба назари Худойбердӣ Холиқназар дар ҳоли ҳозир равобити Тоҷикистону Эрон тира нест ва мушкилоте, ки вуҷуд дошт, мутаассифона ҳама мушкилоти худи Эрон буд. Эрон бо даъват кардани раиси ҳизбе, ки дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст, ба як конфронси сатҳи давлатӣ кореро кард, ки хилофи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар буд: “Вақте дӯсти Шумо душманатонро оварда, дар паҳлӯяш ҷой медиҳад, фикр мекунам кори хубе нест. Ҳоло бошад дар масъалаи муносиботи Тоҷикистону Эрон тирагие, ки ба вуҷуд омада буд, дигар вуҷуд надорад ва мо умедворем, ки иншоаллоҳ муносибатҳо дар давраҳои наздик таҳким меёбад”.

Муносиботи Тоҷикистону Эрон дар поёни соли 2015 баъди даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ба сардӣ гароида буд ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 декабр бо нишони эътироз аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ ба сафири Эрон дар Тоҷикистон -- Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ёддошт супорид.

Ҳарчанд баъдан Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди “нота”-и Тоҷикистон ба Эрон изҳор дошт, ки он на нигаронӣ аз ширкати Кабирӣ дар конфронси Теҳрон, балки талош барои ҷалби таваҷҷуҳи Эрон ба ҳамкориҳои минтақавию миллӣ буд. Аммо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарие 4 феврали соли 2016 гуфт, даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба Эрон наметавонад ба муносиботи ду кишвар таъсиргузор бошад, вале афзуд, дар паҳлӯи ҳайати Тоҷикистон ҷой додани Кабирӣ хилофи бародарӣ ва шарикии ду кишвар буд.

Дар ёддошти мавриди назари Вазорати умури хориҷӣ, аз ҷумла омада буд: “Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”.

Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабри соли 2015 идома ёфта буд. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мӯҳр
Хуб мешуд, агар Точикистон хамкорихои стратегиро махсувсан дар сохаииктисод бо Эрон бештар мекард.

Дар солхои шурави аксари (70% мардум дехот)-и мо Эронро ба хотири Гугуш шинохта буданд. вагар на намедонистанд ки чунин кишвари хамзабоне вучуд доранд.
Як пешниход дорам Сарояндаи маъруфу мухочири Эрони, Гугушро дар Навруз ба Точикистон даъват карда ба у унвони давлати дихед. пас Реаксияи Эроно мебинем....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)