Як голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи мунтахаби Юнон
Яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-18) дар XXIX-умин мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти Федератсияи байналмилалии футбол Валентин Гранаткин мунтахаби Юнонро шикаст дод.
Ин бозӣ 8 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаи дидорро Эҳсони Панҷшанбе дар даққаи 55-ум тариқи ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-18) дар ин мусобиқа шомили гуруҳи “А” буда, 10 январ бо яккачини Булғористон ва 12 январ бо дастаи Эстония рақобат хоҳад кард.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин аз ин қабил аст: Дарвозабонҳо: Далер Азизов (“Регар-ТадАЗ”), Ҳомиҷон Исоқов (“Вахш”); Ҳимоятгарон: Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов (ҳарсе – “Барқчӣ”), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – “Помир”), Оятулло Сафаров (“Истиқлол”); Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Далер Ёдгоров (ҳарсе– “Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе (“Истиқлол”), Саидмухтор Азимов (“Помир”), Умарҷон Шарифов (“Вахш”); Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов (“Барқчӣ”), Шаҳром Самиев (“Помир”), Шериддин Бобоев (“Истиқлол”).
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |