Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 07:20

Сардори маориф: Кордзании ҷавонон қассосгирӣ миёни маҳаллаҳо буд

9 январ 2017, 12:33

Ҳамидуллоҳ Фақеров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе муноқишаи маргбори аввали соли равон дар пойтахтро қассосгирӣ миёни ҷавонони ду маҳалла гуфт.

Фақиров имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе бо такя ба маълумоти додситонӣ гуфт, муноқишаи маргбори 2-юми январ қассосгирӣ миёни ҷавонҳои ду маҳалла буд, на мактабҳо.

Ӯ афзуд, феълан бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 15 нафар боздошт шудаанд, ки миёнашон 4 талабаи хориҷшуда аз мактаб ва як нафар хатмкунанда мебошад: “Аксари боздоштшудаҳо аз оилаҳои носолиманд. Ба истиснои ду нафар, ки дар оилаҳои солим тарбият мегирифтаанд, боқимонда дар тарбияи бибию дигар наздиконашон будаанд. Феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.

Фақеров таъкид намуд, ки бар асоси маълумоти оморӣ қонуншиканӣ миёни ноболиғон кам шудаанд ва аз омма даъват кард, ки ба омор бовар кунанд на овозаҳо.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ 2-юми январи соли 2017, соати 22:00-и шаб ҷавонписарони маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 104 байни ҳам занозанӣ намудаанд: “Дар натиҷа 2 нафар - Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рахмат

  • 9 январ 2017 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам мудири маориф шумо оилаи носолим гуфта чиро дар назар доред? вакте ки хар як инсон аз модар тавалуд мешавад у солим ба дунё меояд ва хар як падару модар бо сад орзуу умед он фарзандашро калон карда ба мактаб месупорад .ба тарбияи шумобарин солимхо амо шумо бачои тарбия факат аз кудак ва падру модари у пул гирифтан ро медонед халос падару модари кудакон чон ба лабашон меояд ва мачбур мешаван фарзанди азизашонро ба тарбия биби ё бобо ашон гузошта ба мардикори ба русия раванд то ки пул барои муали ё муалима ки харуз мисли гадо гудакхоро чон балаб мекунд рои кунад. хол ин ки дар сарконун мактаб ройгон аст .
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар хамин чавонхо ягон кахрамони мекарданд маориф ба хеч кас сухан намедод дар ин холат чунон мегурезад ки хахахаха
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад дар Сад рост,ки оилаҳои носолим қисми зиёдашон аз тарбия дур мондаанд
Ман чанд сол боз инро мушоҳида намудаам ва фарзандҳое ёфт мешавад, падар ва модаронашонро низ гӯш намекунад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Факеров! Кай шумо ба гунохатон икрор мешавед? Дар хама холат шумо бахона меебеду аз об хушк мебароед. Махалчигии чавонон аз кучо сар мешавад? Аз мактаб ва тарбияи нодурусти муаллимон. Ба чавонон хисси ватандусти ед дода на мешаваду пулситони ед дода мешавад. Е шумо худро ба нодони мезанед
Посух додан
  • АНВАР

  • 9 январ 2017 21:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам сардори маориф шумо Оилаи НОСОЛИМ гуфта камбизоатн ро дар назар доред.????
Посух додан
  • Равшан

  • 10 январ 2017 08:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам мудири маориф агар камбизоатони ч / Точикистон ба андешаи шумо носолим бошанд шумохам як вактхо оилаи носолим будед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!