Бахшҳо

Баҳои шумо ба кори 10-солаи Оҷонсии тобеи Р. Эмомалӣ

Оҷонсии назорати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон имрӯз 10-сола шуд. Ин ниҳод, 10-уми январи соли 2007 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъсис ёфта, наздики ду соли охир таҳти идораи Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, моҳи феврали соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фаъолияти ин ниҳод, аз ҷумла санҷишҳои зиёди такрорӣ, “заказной” ва савдо баъди анҷоми санҷишҳо интиқоди шадид карда, ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ин шеваи корӣ Оҷонсии мазкурро барҳам хоҳад дод. Баъди як моҳи ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон Абдуфаттоҳи Ғоибро аз роҳбарии Оҷонсии зидди фасод барканор карду ба ҷои ӯ писараш Рустам Эмомалиро таъин намуд.

Дар пасманзари 10-солагии Оҷонсии зидди фасод “Озодагон” аз коршиносон пурсид, ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӣ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ТОҶИКИСТОН ТО КУҶО МУАССИР БУД?

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Албатта, Агентии мубориза бо коррупсия 10 сол муқаддам бо ниятҳои хеле хуб – мубориза бо фасод, таъсис дода шуда буд ва мардум аз он умедвориҳои зиёд доштанд. Чун фасод монеаи асосии рушди на танҳо Тоҷикистон, балки ҳар як кишвари дунё аст. Дар ин муддат, албатта, буданд лаҳзахое, ки Агентӣ фасодкорони баландпояро ошкор ва дастгир мекард. Вале, мутаассифона, чунин ҳолатҳо хеле кам ба назар мерасиданд. Дар аксари ҳолатҳо ба тури Агентӣ танҳо «моҳӣ»-ҳои хурд меомаданду фасодкориҳои асосӣ, ки мардум онҳоро ҳамарӯза мушоҳида менамояд, аз назари Агентӣ дур мемонданд. Ва чунин ҳолат то ба имрӯз давом дорад. Вале саволи матраҳ ин аст, ки оё вазъро тағйир додан мумкин аст ё на? Фикр кунам, ки «ҳа», мумкин аст. Дар дунё кори намешудагӣ нест, ба ғайр аз зинда кардани мурда. Барои ин танҳо як «Ли Куан Ю»-и тоҷик даркор асту халос, ки Тоҷикистонро мисли Сингапур аз вартаи фасод наҷот диҳад. Ҳамоне, ки ба хотири пешрафти кишвару миллат аз баҳри манфиатҳои оилавиву хешу таборӣ гузашт кунад. Ҳамоне, ки мубориза бо фасодро аз «худиҳо» сар кунад, то «бегонаҳо» ибрат гиранд. Вагарна Тоҷикистон ҳеч гоҳ тараққӣ нахоҳад кард.

Рустам ГУЛОВ, блогер
Фаъолияти ин ниҳодро, афсӯс, самаранок номида намешавад. Кифоя аст, ки аз суханони роҳбари кунунии он иқтибос оред, ки дар яке аз маҷлисҳои охирин қайд намуд, ки мардум ба ин ниҳод эътимод надорад ва онро низ яке аз фасодзадатаринҳо меҳисобанд. Дар тули мавҷудияти ин ниҳод ягон шахси воломақом бо ҷиноятҳои коррупсионӣ паси панҷара нашудааст, ки худ низ нишондиҳандаи ғайримустақими заифии онро нишон медиҳад. Инчунин боиси қайд аст, ки қонунгузории зиддикоррупсионӣ низ кор намекунад ва дар амал пеши роҳи онро намегирад, ҳарчанд фаъолони ҷамъиятӣ борҳо таъкидҳои зиёде дар ин маврид намудаанд. Пешниҳодҳо бошанд, чунон аллакай забонзада шудаанд, ки онро ҳеҷ кас ба эътибор намегирад ва дар ин ҳолат такрор кардани онҳоро кори бефоида ва бенатиҷа мебинам. Агар Оҷонсӣ хостори шунидани пешниҳод бошад, бигузор боре руйхати пешниҳодҳоеро, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин маврид дар 10 соли сипаришуда дар натиҷаи гузаронидани мизҳои мудаввару конфронсҳо дар шакли ҳисоботҳо ба ин ниҳод пешниҳод карда буд, варақ зананд. Дар сомонаи Transparency International низ пешниҳодҳои муфид мавҷуданд.

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Кори Оҷонсӣ тули ин муддат самараконок набуд, баръакс ин вабо дар ҷомеа реша давонида, ба симову мошину сару либосу хонаю тарзи зиндагии намояндагони мақомоти давлатӣ ин худ гувохи он мебошад, ки фаъолияти ин ниҳод самаранок набуда, балки коррупсия реша давонида истодааст.
Коррупсия падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ин ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад. Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи ва ахлоқӣ андешидан зарур аст. Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рӯзи пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ ин тавр аст? Ба ин савол ҷавоб хеле оддист, зеро давлат ва мақомоти он ин ё он вазифаҳои амрдиҳиву танзимкунии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дошта, буҷет ва дигар захираҳои моддиро ихтиёрдорӣ мекунанд, ки бевосита барои ба вуҷуд омадани коррупсия замина шуда метавонад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зидди коррупсиониро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боз дорад. Яке аз муҳимтарин самтҳои аксуламал бо коррупсия ба миён овардан ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Алӣ АЛИЗОД, таҳлилгар
Натиҷаҳои амалӣ нишон медиҳанд, ки дар кишвари мо бо фасод мубориза намебаранд, балки вонамуд доранд, ки чунин мубориза бурда мешавад. Бино бар шохиси эҳсоси фасод дар соли 2015 (додаҳо барои соли 2016 ҳануз мунташир нашудаанд), Тоҷикистон дар миёни 167 кишвари ҷаҳон мақоми 154-умро дорад. Ин пояи мост дар мубориза бо фасод. Чораҳои мубориза бо фасод бисёранд, вале ман яке аз содатарин ва ҳамзамон муассиртаринашонро пешниҳод мекунам ки он зиндонӣ кардани вазирони фасодкор аст. Яке ду тан вазирро агар зиндонӣ кунанд, авзоъ зуд рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод. Таҷрубаи Сингапур ва Ҳонгконг беҳтарин намуна аз ингуна чораҳост.

Мирзоев АШӮРБОЙ, истиқоматкунанди шаҳри Душанбе
Ба фикри ман нисбати солҳои пеш кори Агентии мубориза бо коррупсия беҳтар шудааст. Мебинем, ки солҳои охир чандин бор Агентӣ мансабдоронеро аз мақомоти судӣ ва дигар вазратхонаҳо ҳам барои ришва гирифтанашон боздошт мекунад. Яъне, ба назари ман, сол то сол дар самти мубориза бо фасод фаъолияти Агентии мубориза бо корупсия беҳтару хубтар шуда истодааст.
Мӯҳр
Ростгу
Аз садик сар карда то хамаи сохторхо махсусан милиса. Балинса. Маориф бе суму ришват гап намезананд. Дар ин ниход шахси мутахассис ва дилсуз бояд кор кунад то ки раису вазирони дузди бесаводро ошкор канад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)