Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 07:20

Ҳалокати ронанда аз зарби нерӯи барқ

10 январ 2017, 09:47

Ронандаи 40-солаи мошини “ГАЗ-3110” аз ноҳияи Спитамен, шоми 8-уми январ ҳангоми кандани рақами мошинаш ба ҳалокат расидаст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ронандаи мошини “ГАЗ-3110” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар километри 261-ум, ҳудуди ҷамоати деҳоти Куркати ноҳияи Спитамен бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.

Ба иттилои манбаъ ронанда дар пайи бархӯрд ҷон ба саломат бурдааст, аммо ҳангоми ҳангоми кандани рақами давлатии мошинаш аз зарби қувваи барқи ноқили кандашудаи симчӯб дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фахмотар нависед симчубхо дар канори рох чикор мекунанд ?
Мумкин бо гунохи коркунони барк бошад?
Худованд рахмату махфираташ кунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!