Бахшҳо

Муаммои тӯйу талоқ: Аз Чоркӯҳ то Бадахшон

Муҳибуллоҳ Қурбон, рӯзноманигор

Моҳҳои сентябр ва октябри соли 2016 маро имконият пайдо шуд сафари тӯлоние ба Бадахшон дошта бошам. Дар идомаи сафар чанд лаҳза ва вохӯриҳои ёдмон буд ва аз назари ман барои хонанда низ мароқангез бояд бошад.

Ҳамсояе доштам аз Бадахшон. Ҳамсари маризашро зиёда аз понздаҳ сол бемордор буд ва занаш ба шавҳар борҳо гуфта будааст, барояш оилаи нав гирад, аммо ҳамсоя ҳамеша рад мекардааст.

Танҳо пас аз ду соли фавти ҳамболинаш барои тарбияи фарзандон бори дигар оиладор шуд. Аммо на дар ҳама ҷо ва на ҳама шавҳарон ҳангоми бемории дуру дарози оилаҳояшон сабру таҳаммул мекунанд. Дӯстон ва чанд ҳамсояи бадахшӣ дорам, аммо то ҳол нашунидаам, ки ягонтои онҳо на дар сиҳативу на маризиашон аз ҳамсарашон ҷудо шуда бошанд. Ва чун аз дӯстону шиносҳои бадахшӣ мепурсам, ки чаро дар шумо издивоҷ ҳасту талоқ ниҳоят кам, онҳо ҷавоби қаноатмандкунанда намедиҳанд ва шояд дар назари онҳо саволи ман муқаррарӣ нест ва ё беодобона бошад. Вале баъзеашон мегӯянд, солҳои охир ин “беморӣ” ба мардуми мо низ таъсир расонида, дар шаҳрҳо каму беш талоқ низ мушоҳида мешавад.

Бинобарин вақте ба Бадахшон сафар доштам, кунҷокобӣ боло гирифта ва ҳини суҳбатҳо оҳиста аз масъалаи издивоҷу талоқ мепурсидам.
Дар ҷамоати Сипонҷи дараи Бартанги ноҳияи Рушон бо сардори зершуъбаи корҳои дохилӣ суҳбат доштам. Аз гуфтаи ӯ маълум гардид, ки дар давоми понздаҳ соли охир дар ҷамоат ягон оила аз ҳам ҷудо нашуда, ягон шавҳар занашро талоқ надодааст.

Ба ин рақаму ҳарф боварам намеомад ва пурсидам, ки наход дар давоми понздаҳ сол ақаллан як мард ҳамсарашро талоқ надода бошад.
Андак мусоҳибам ҳайрон ҳам шуд, ки чаро ман чунин савол медиҳам. Шарҳ додам, ки ман то ҳанӯз ин зуҳуротро пурра дарк накардаам, ки чаро дар Бадахшон талоқ кам. Гуфтам, дар деҳаи ман Чоркуҳи Исфара ҳар сол, не, ҳар моҳ тахмин як талоқу як ҷудоӣ ҳаст. Ӯ ҳам ба гуфтаи ман бовар накард ва такроран пурсид, ки оё рост мегӯям. Посухаш додам, ки ҳисоб накардам, лекин аз рӯи мушоҳидаи ман ҳадди ақал ба ҳисоби миёна моҳе як – ду талоқ бояд буда бошад.

Дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла, дар Ванҷ, Мурғоб, Ишкошим, Хоруғ ва дигар ноҳияҳо бо мардум дар ин бора суҳбат буд. Ва ҳамаашон аз як даҳон гап мезаданд ва набудан ва ё ниҳоят кам будани оилавайрониро иқрор мекарданд, лекин чун мепурсидам, чаро чунин аст, нафаре ҷавоби мушаххас намедод.

Як нафар корманди хонаи маданияти деҳаи Сипонҷ, ки 26 – сол дошту ҳанӯз оила барпо накарда будааст, ба саволи “Чаро то ҳол хонадор нашудаӣ?” ҷавобам дод, ки барои оиладорӣ ҳанӯз тайёр нест. Ҳамчунин бародараш, ки аз ӯ ду сол калонтар аст, зан нагирифтааст. “Он духтаре, ки меҷӯям, ҳоло наёфтаам. Маошам ҳам кам аст ва бо он оиларо таъмин кардан мушкил мешавад, бинобарин гумон мекунам, то маблағи муайян ҷамъ наоварам ва манзиле насозем, хонадоршавии ман маъно надорад...” – гуфт он ҷавон ва барои кушодани гиреҳи муаммои “Чаро дар ин минтақа талоқ кам аст?” мадад расонид.

Яъне, то масолеҳи оиладорӣ мукаммал нагардад, хонадор намешаванд. Дар шаҳри Хоруғ дар меҳмонхонае мезистем ва соҳиби он ҳам тахмин бисту ҳафт ё бисту ҳаштсола буд. Чун аз издивоҷ пурсидам, барвақт гуфт.

Сухани корманди фарҳанг ва соҳиби меҳмонхонаро гӯш мекардаму ёдам боз ба деҳаам мерафт.

Як дӯсти чоркуҳиам писарашро хонадор карданӣ буд ва пурсид, ки даъват кунам, аз Душанбе ба ҷашн меоӣ. Гуфтам, намедонам. То ҷойе медонистам, писари дӯстам тахмин бистсола буд, бинобарин барои рушан намудан аз нав пурсидам, ки домодшаванда чандсола аст. Гуфт, бистуяксола... Гумон кардам, сивуяксола мегӯяд.

“Чаро барои хонадор кардани фарзанд ин қадар саросемаӣ?” Ба ин пурсишам гуфт, ҳамсинфони фарзандам қариб ҳама хонадору бачадор шудаанд ва байнашон писарам маъюс менамояд, гӯё ҷурме дошта бошад.
- Хидмат кардааст? – пурсидам.
- На, - посухаш кӯтоҳ буд.
- Домодшаванда чӣ маълумот дорад?
- Синфи ёздаҳро тамом кардааст.
- Ягон касб дорад?
- На. Номи касбаш “Русия” аст. Хонадор, ки шуд, ба Русия мефиристам. Дар он ҷо тағову амакаш кор мекунанд. Барояш ҷойи кор ёфтаанд.
- Чӣ гуна кор?
- Онҳо сохтумони биноеро аз бунёд то калиди онро супоридан гапзанон кардааанд ва писарам ҳамроҳи онҳо кор мекунад.
- Ба сифати кӣ?
- Коргари оддӣ. Лой меошӯрад, хишт мебардорад ва монанди инҳо, кори ҷисмонӣ мекунад.
- Хуб, гуфтем, ҳамин тавр мешавад ва писарат ҷойи кор дорад. Пас келинро барои кӣ ба хона меоварӣ, агар писарат бо ӯ зиндагӣ накунад?
- Келин хидмати моро мекунад.
- Яъне, ту фарзандро барои он оиладор мекунӣ, ки занаш хидмати хонаводаи туро кунад?
Дӯстам ҷавоб надод ва ман суоли навбатиро додам:
- Фарз кардем, писари бистуяксолаат ба Русия рафт, соҳиби касб шуд, пул ҷамъ овард, чӣ будани гарму сардии зиндагиро дарк кард, баргардад ва бо он пули ҷамъоварда замине гирад ва шумо барои сохтумони манзил мадад расонед ва танҳо пас аз соҳиби кор, хона, таҷриба ва пастиву баландии зиндагиро фаҳмидан оиладор шавад, чӣ бадӣ дорад? Магар ба қадри зану оила зиёдтар намерасад, вақте худаш барои бунёди оила саҳми асосӣ мегузорад?
Дӯстам табассуме намуд ва гуфт:
- Замона дигар шудааст. Ту шаҳр рафта, каму беш аз зиндагии деҳа дур шудаӣ. Зиндагии ҳама дар пеши назари ҳама аст ва агар ман фарзандамро хонадор накунам, ҳама механдад, ки фалонӣ пул дорад, имконият дораду писари балоғатрасидаро зан намедиҳад. Баъд бачаҳои ҳозира зери таъсири интернету телевизиону муҳит зуд ба балоғат мерасанд ва агар онҳоро оиладор насозӣ, он гоҳ ба сарат ягон иснодро меоранд. Шариати Ислом ҳам тақозо дорад, ки балоғатрасида бояд хонадор шавад. Бинобарин агар хонадор накунам, гуноҳаш ба гардани ман аст.

- Қабул дорам андешаҳояторо, лекин масалан, дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва чанд кишвари мусалмоннишин, ки будам ва бо мардум дар ин хусус дар он мамолик суҳбат доштам, надидам, нахондам ва нашунидам, ки ҷавонони ҳаждаҳсолаву бистсола оиладор шуда бошанд. Баръакс, то ҷавон соҳиби диплом ва ё касби муайян, манзил набошад, духтар ба он нафар издивоҷ намекунад.

Дар он кишварҳо синни миёнаи издивоҷ 27 – 30 мебошад. Фаромӯш насоз, фарзанде, ки аз ҳисоби ту муфт хонадор мешавад, ба қадри зан на ҳамеша мерасад. Барои ӯ талоқ додан ба мисли ду карат ду осон аст, чунки пул сарф накардааст. Баъдан ҷавоне, ки ба қавле, кӯр-кӯрона дар синни ҳаждаҳу бист оиладор мешавад, пас аз чор панҷ соли издивоҷ аллакай аз зиндагии оилавӣ безор мешавад. Шояд барои ҳамин дар деҳа ва танҳо дар деҳаи мо, балки дар аксар ноҳияҳову шаҳрҳо шумораи талоқ ниҳоят баланд аст ва гоҳе то сеяки шумораи издивоҷро ташкил медиҳад.

Дуруст аст, ки дигар омилҳо низ сабаби шумораи зиёди талоқ дар ҷамоати Чоркуҳ шудаанд. Яке аз ин сабабҳо набудани замин барои ҳавлиҷо мебошад ва сабаби дигараш ниҳоят зич будани шумораи аҳолӣ дар ин ҷамоат аст. Тасаввур кунед, дар як деҳаи масоҳаташ ниҳоят хурд, қариб чил ҳазор аҳолӣ сукунат дорад.

Ва ба ин тарзи муносибат ба оила ман ҳам ҷонибдорам ва хулосаи ман ҳам ҳамин аст, ки то якчанд шартҳо иҷро нагардад ва ё омода нашавад, издивоҷ кардан хуб нест.

Нахуст, шахси издивоҷкунанда аз ҷиҳати физикӣ ё ҷисмониву равонӣ сиҳат бошад, вагарна шавҳар ва ё зан наметавонанд тӯлонӣ таҳаммул кунанд. Ва дар ин ҷода набояд саросема шуда, ҷавони ҳаждаҳсола ва ё нуздаҳсола, ки на ҳамаашон барои оиладорӣ тайёранду чӣ будани масъулиятро дар назди оила ва ҷомеа умуман, эҳсос намекунанд, бахона мекунанд.

Баъдан, пеш аз он ки дари касеро кушоед ва ё ба хостгорӣ равед, мутмаин бошед, ки барои арӯс шумо манзили алоҳида ва ё квартира бошад, ақаллан як ҳуҷраи алоҳида ва ё манзили иҷора бояд бошад.

Саввум, барои оиларо барпо кардан маблағи муайян ҷамъ овардан ҳатмист. Баъзеҳо ба ин нукта аҳамият намедиҳанд ва қарз гирифта, фарзандонро хонадор мекунанд, аммо таъсири манфии он ба оилаи оянда ҳатман мерасад.

Ниҳоят, ҷавоне, ки оиладор мешавад, ҷойи кор дошта бошад, то ки оилаи худро таъмин карда тавонад. Мутаассифона, бисёр волидайн аввал фарзандро зан медиҳанд ва то коргар шуданаш, ки баъзан ба солҳо тӯл мекашад, оилаи ӯро пурра таъмин намуда, писарашонро ба шахси муфтхӯр табдил медиҳанд. Бинобарин аз ҳама роҳи хуби босаодат кардани фарзанд ин аввал ӯро хонондан ва ё соҳиби касб ва ҷойи кори муайян кардан аст. Вақте худи ҷавон ҳар моҳ ба хонааш маош меорад, эътимоди қавӣ гардидани оила зиёдтар аст...

Дар муддати қариб як моҳ дар ҳама ноҳияҳои Бадахшон ва шаҳри Хоруғ будам ва танҳо як нафар аз Хоруғ иқрор кард, ки дубора хонадор шудааст.
Бо вуҷуди ин то ҳол ман ба сир ё ҳикмати пойбандӣ ба оила ва кам аз ҳамсари худ ҷудо шудани бадахшиҳоро то охир нафаҳмидам. Шояд сафари дигаре даркор ва ё дар байнашон зист, то хулосаи рушан ва ҷавоби саҳеҳ ба суол пайдо кард?
Мӯҳр
занчирбек
Муҳибуллоҳ , бародари азиз!. Сабабхо зиёданд ва мардуми мо ки 98% аш камбагалона зиндаги доранД, 1 бор зан мегиранд ва духтар шавхар мекунад. Барои дигар маротиба кудрат намерасад. Сони, зан, модар, духтарро мо зиёд кадр мекунем ва вазифаи марди бадахшони пеш аз хама химоятгар ва тарбиятгари зан,-хамсар будан аст. Занро танхо мондан номарди аст. Ин талаби мазхаби аст. Ва дигаре ин одат шудаву калонсолон онро назорати сахт мебаранд...........

Домулло Зиё
Бисёр мавзуи хуб! Ташаккур ба Муҳибуллоҳ Қурбон!

Хуб навистет.Оилаву талок яке аз мушкилихои мо

Ханчарбек
Занчирбек дуруст кайд кардааст. Сабаби асоси камбагалист. Боз сабаби дигараш шумораи ками мардуми бадахшонист. Агар худи акаи Мухибуллох дах бор зан гирад хам зан ёфта метавонад. Аммо марди бадахшони аз занаш монад, дигар зани бадахшони ёфтан амри махол аст.

Кӯлобӣ
Сабаби асосиаш ҳамин аст, ки мардуми бадахшон тоҷикони асил мебошанд.Ҳамаи ин бозгуи фарҳангу маданияти асили инсонӣ мебошанд. Ман бадахшӣ нестам. Мисли Муҳибулло дойрахабар ду бор меҳмонӣ рафтам. Он гуфта, ки пул надоранд, ки дуюмбора зан гиранд ҳам асос надоранд. Помириҳои пулдор кам нестанд. Дар ҳар хона ду се духтари қадрас ҳаст. Лекин помирии пулдору бепул як зан мегирад. Илова бар ин занҳои бадахшонӣ нисбати шавҳар хеле вафодор мебошанд. Худашон кӯҳ ба ҳезум мераванд. Заминҳои кам доранд вале занҳою духтарҳо асосан обчакорӣ мекунанд.
Ман Бадахшони Афғонистонро ҳам аз ҷониби Кундузу Тахор то Файзобод рафтам. Онҳо ҳам мардуми хубанд. Худро тоҷик мегӯянд. На ҳамаи афғонҳо ин мардиро доранд. Ба тоҷикӣ гап мезанаду пурсӣ миллатат чист, мегуяд: "порсизувонам" вале бадахшониҳо бо ифтихор мегуянд- мо тоҷикем.
-Дастатдард накунад, Муҳибулло одатан мо тоҷикҳо деҳаю бобои худро таъриф мекунем. Ин қолабро мисли худат шикастан лозим...

Ardasher
Ин бародар хуб матлаб тавиштан аммо дар бораи инки дар дигар гишвархо ба мисли Эрон сини издтвоч аз 27 то 30 бе болотс дуруст астки дар Эрон духтархо ба диплом хона чои кордор издивоч мекунад аммо дар хами Эрон талок яке аз мушкили ассои Чумхурии Исломи Эрон аст Яне талок бамаротиб аз точикистон зиёд аст Баназари Шахси ман сабаби талок бе фарханги аст фарханги ойла дори суст аст пул хона ва иконоти хубхам наметона пиши рахи талокро бигирад


Аввалан номи Худо. Ин мардум хамеша ки чашм нарасад чунин
мегуянд. Дуввум ин тарзе гуфтанд, реша аз дину мазхаб, ки макоми
занро нишон медихад. Ки занро бояд хамеша хурмат ва дуст дошт. На
танхо барои дилхушии худ, вале чун офариниши Худованд

занчирбек,

Барои матлаби пурмухтаво сад ташаккур. Ба ин муаммои Шумо, мухтарам Мухибулло Курбон, бо як сухани шоираи Бадахшони Саодатбонуи Саидназар посух мегуям, ки тарики телевизион гуфта буд; Падар дар орзуи домоди бехтарин аст. Писар хама вакт мехохад, хохараш ба дасти чавонмарди озода расад. Пас агар падарону писарон хама вакт дар орзуи хушбахтии духтару хохари худанд, чаро онхо худ сараввал духтару хохарони ба зани кабулкардаи дигаронро хушбахт насозанд?

Акаи Мухибулло, холаи Шакархотунро хеле хуб таъриф карди, чашм расид, 2 руз пеш вафот кард. Агар мардхои бадахширо чашм расад, онхо 6 тоги зан мегиранд. Крутойхояш бисер.

аз ҳисоби мазҳабашаон, саводнокии ҷавонон

Мо бехабар аз ҷомеъаи шаҳрванди хастем. Аз кадим хусусан дар кухистон мардум нисбати якдигар беъетино нестамнд. Мисол соле духатарам аз хонаи шавхараш хона якчандруза омад .Хайрон шудам баъди як руз хамсояи солхурда пурсид чаро духтарат 2 руз шуд дар хона. гуфтам бо ичозат омадааст г Насиҳаткард ки писарам хонаи вай хонаи шавхараш. Масчид рафтам дар онҷо хам савол карданд ки духтарат хона омадаст гуфтам бале. Фикр кардам ягон сире бошад. Аз кудоям ахволпурси кардам ки мумкин сире бошад. Вай гуфт ки ҳарчанд алакай муштоқ шудем лекин бо маслихат рафтасаст Ва шукр одами хуб насиби оилаи мо будаст САбаби асоси таъсири мухит намегузорад ки одам аз рамкаи одами берун шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)