Бахшҳо
10 янв 2017 14:02Тоҷикистон / Сиёсат

Президент: Муборизон бо фасод пеш аз ҳама худашон пок бошанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми январ дар рӯзи таъсиси Оҷонсии зидди фасод, ки иди касбии кормандони ин ниҳод эълон шуд, фаъолияти 10-солаи Оҷонсиро ҷамъбаст намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раҳбарият ва кормандони ин ниҳод гуфт, коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон аз қадимӣ будани фасодкорӣ зикр карда, афзуд, ки ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз талошҳо барои решакан кардани ин зуҳурот дар кишвари мо зикр карда, афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар қонунгузории кишвар тақвияти муқовимат бо коррупсия ва гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро ҳамчун шарти ҳатмӣ муқаррар намудем ва ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ санҷиши ҳолатҳои содир гардидани кирдори коррупсиониро зарур шуморидем: “Дар натиҷаи ин чорабиниҳо шиддати коррупсия дар кишвар тадриҷан коҳиш ёфта, эҳсоси таҳаммулнопазирии мардум нисбат ба чунин амалҳои нангин хеле афзуд. Афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо низ ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар индекси байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло баромад”.

Эмомалӣ Раҳмон барои муборизаи беҳтар бо коррупсия таъкид намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, бояд озод аз коррупсия бошад: “Яъне худи кормандони ин ниҳод бояд шахсони пок бошанд, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло донанд, даст ба қонуншиканӣ назананд ва барои кормандони дигар мақомоти давлатӣ намуна бошанд. Зеро бидуни доштани чунин сифатҳои неки инсониву касбӣ мо наметавонем дар мубориза бо ин кирдори ҷиноятӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ шавем”.

Раисиҷумҳур гуфт, кормандони оҷонсӣ давоми 10 сол 12 ҳазор тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааанд: “Агар соли 2007 – ум 130 миллион сомонӣ зарар ошкор шуда бошад, ин рақам соли 2016 – ум 386 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таҳлили омори даҳсола илова намуд, ки ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад: “Аз ҷумла, агар соли 2007 ҳамагӣ 464 ҷиноят ошкор карда шуда бошад, ин рақам соли 2016 қариб ба 1900 адад расидааст. Бахусус, тайи 5 соли охир шумораи ин ҷиноятҳо хеле афзуда, аз 1320 ҷинояти дар соли 2012 содиршуда то 1900 ҷиноят дар соли 2016 афзудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон аз 3 миллиарду 780 миллион сомонӣ ба 19 миллиарду 860 миллион сомонӣ, расидани буҷаи давлатро зикр карда, афзуд, ки назорати истифодаи шаффоф ва самараноку мақсадноки чунин маблағҳои бузург, пеш аз ҳама, вазифаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад ва аз кормандони он сатҳи баланди касбӣ ва муносибати бисёр ҷиддиро талаб менамояд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)