Бахшҳо
10 янв 2017 15:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нигаронӣ аз боло рафтани нархи хизматрасонии кӯдакистонҳо

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 маблағи нигоҳубини атфол дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон аз 80 сомонии қаблӣ то ба 100 сомонӣ боло рафт.

Гулрухсор, як сокини шаҳри Хуҷанд бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, давоми як соли ахир бори дуюм аст, ки нархи таҳсили кӯдакон дар боғчаро баланд мебардоранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 3 фарзандашро ба боғча мебарад ва бо гарон шудани арзиши хизматрасонӣ намедонад, ки минбаъд чӣ кор мекунад: “Дар гузашта 35-40 сомонӣ барои як кӯдак маблағ пардохт мекардем. Давоми як сол якбора 60 сомонӣ боло бурда шуд. Ман ҳайронам, ки бо маоши 600 сомонӣ чӣ гуна мешавад зиндагиро пеш бурд?”

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Султонов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” сабаби болоравии арзиши хизматрасонии кӯдакистонҳоро ба “зиёдшавии музди меҳнат, ки онро соли гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд”, рабт дод. Ҷаноби Султонов мегӯяд, ин меъёрбандӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 марти соли 2016 “Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ” ва инчунин моддаи 23-и қонун “Дар бораи Буҷаи давлатии ҶТ” барои соли 2017 ба тасвиб расидааст: “Тибқи ин қарор арзиши хизматрасонӣ дар кӯдакистонҳои шаҳру навоҳии калони Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Қӯрғонтеппа, Норак, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Турсунзода, Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Шаҳринав ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ба 100 сомонӣ баробар аст, муайян шудааст”.

Барои кӯдакистонҳои шаҳру навоҳии Хоруғ, Исфара, Гулистон, Панҷакент, Роғун, Сарбанд, Кӯлоб, Шуғнон, Зафаробод, Деваштич, Варзоб, Рашт, Файзобод, Нуробод, Ёвон ин рақам 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 75 сомонӣ ва дигар шаҳру навоҳӣ ва шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 сомонӣ баробар аст.

Дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мегӯянд, 75 дарсади ин маблағ барои ғизои кӯдакон ва 25%-и он барои хароҷотҳои коммуналӣ ҷудо мешавад.
Мӯҳр
каландар
дар хакиат маош дар як чо мондаги ахнеки баланд шава,неким нархи хизматрасонии хамаи камуналию свету ова бланд кесан. Ягон майда фикри халки одира намекнан

88
Эй шарм дореде барои кисахои худамон гуед, фарзандо калон шидан гуед онхоро аз хамн хисоб дар хорич хонондан лозим, мошин харидан лозим, ойладор кардан лозим гуед дурстар мешавад .Бало ба паси фарзанди кабизоат ................................................................................

................................................................................

................

ясир
дар хакикат баланд карданд нархро. мо то ин мох 120 сомони месупоридем, аз январ 140 гуфтанд биёред. оби гарм надоранд группахо хунук боз, кудакхо доим бетоб. дар руссия як рузи омадан кудак 100 рублро ташкил медихад, рузхои истирохату бо ягон сабаб наомадани кудак истисно мешавад. мо худамонро бо руссия баробар карда истодаем, сатхи зиндагии моро ба онхо баробар мекунанд. дар мо бошад дар як мох 1 руз хам баред кудакро пурра 140 сомон супоред мегуянд. инсофу инсонгари намондааст.
богчаи мо ракамаш 144, дар махалаи 112-ум.
ЖУРНАЛИСТОНИ МУХТАРАМ, ИМКОНИЯТ БОШАД ДУРУСТИИ ИН НАРХНОМАРО ДИДА БАРОЕД, кори савоб мешавад, дастгирии даххо оила мегардад аз тарафи ШУМО.

Кудакистони раками 59 нохияи Исмоил сомони 150 сомони чамовари мекунад. Шумо кучоро нигох мекунад. Яку якбора 50 сомон зиед кардану. Назорат вучуд дорад. Ё ин ки назорат алакай вазифаи дигар макомот

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)