Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 06:39

Ҳушдор аз сардшавии ҳаво

11 январ 2017, 08:03

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия мегӯяд, рӯзҳои 11 ва 13 январ кишварро ҳавои сард фаро хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар аксар минтақаҳои кишвар поин меравад: “Ҳаво дар манотиқи куҳии вилояти Суғд, Навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ то 13-18 дараҷа сард хоҳад шуд”.

Манбаъ мегӯяд, сардии ҳаво дар навоҳии Лахш, Шуғнон ва Ишкошим шабона ба 22-27 ва рӯзона 5-10 дараҷа мерасад: “Дар навоҳии шарқии ВМКБ ҳарорат шабона 32-37 рӯзона 14-19 поин меравад. Дар минтақаи Булункул бошад, шабона 55 дараҷа ва рӯзона 28 дараҷа сард хоҳад шуд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
“Дар навоҳии шарқии ВМКБ ҳарорат шабона 32-37 рӯзона 14-19 поин меравад. Дар минтақаи Булункул бошад, шабона 55 дараҷа ва рӯзона 28 дараҷа сард хоҳад шуд”.
Ин ба фикрам аз шархи боду хавои Сибир гирифта шудааст. Дар Точикистон чунинаш имконнопазир аст)))))
Посух додан
  • хоркаш

  • 11 январ 2017 09:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имруз дар Хоруг соати 9 и сахар 19 дарача хунуки. Прогноз биёр хато медиханд.Саёхат,
Посух додан
  • мургоби

  • 12 январ 2017 15:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Соли 1985 сардии хаво дар Булункул ва Аличул аз 60 хам гузашта буд ва зиеда аз хазор сар кутосхо аз хунуки вафтида буданд. Бале инчо замистион аз Сибир дида хаво хунуктар аст. Аммо маълумотхои расми мумкин камтар нишон диханд. Боки тансихату обод бошед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!