Ҳамсояи Тоҷикистонро хатарноктарин кишвари Замин медонанд
Маркази хабарии Созмони миллали муттаҳид мегӯяд, Афғонистон ҳанӯз яке аз хавфноктарин минтақаи рӯи замин аст.
Ба иттилои манбаъ, соли сипаришуда теъдоди афғонҳои ниёзманди ёрӣ 13 дарсад афзоиш ёфта, дар ҳоли ҳозир 9,3 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди қурбониёни низоъҳо дар нуҳ моҳи аввали соли 2016 наздики 8400 нафар ҳисоб шудааст. Маркази хабарии СММ гуфтааст, бештари шаҳрванди мулкӣ дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбии рӯизаминӣ ва бахши аъзами кӯдакон аз снарядҳои мунфаҷирношуда ба ҳалокат мерасанд.
Соли 2016 дар Афғонистон теъдоди рекордии гурезаҳо ба қайд расидааст. Танҳо моҳи ноябр ним миллион нафар, ки аксари онҳо кӯдаконанд, маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк намоянд.
Аз 34 вилоят дар 20-тои он мизони фақр ба ҳадди изтирорӣ расида, 1,3 миллион кӯдак ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доранд. Манбаъ мегӯяд, беш аз нуҳ миллион нафар дар Афғонистон ба кумаки тиббӣ дастрасӣ надорад.
Афғонистон бо Тоҷикистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |