Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 07:23

Шариф Саид: Барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо бо Узбакистон вақт зарур аст

11 январ 2017, 10:59

Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Узбакистон барои ҳамкории бештар дар тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Ӯ имрӯз, 11 январ дар нишасти хабарии Палатаи савдо ва саноат гуфт, барои таҳкими бештари ҳамкориҳои ду кишвар вақт зарур аст. Ба таъкиди оқои Саид, замина барои тавсеаи ҳамкориҳо мавҷуд аст: “Мо ду намоишгоҳ гузаронидем, ки дар якеаш аз Узбакистон ҳафт ширкат иштирок намуд. Ин дар ҳоле ки дар гузашта як ширкат ҳам иштирок намекард. Дар намошгоҳи дуюм 10 намояндаи он кишвар ҳузур дошт. Ғайр аз ин 3-4 маротиба то 5 нафарӣ аз Узбакистон барои омӯзиш ва ҳамкорӣ ба Тоҷикистон омаданд”.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон афзуд, аввалҳои моҳи феврал баргузории намошгоҳи лизингии Узбакистону Тоҷикистон оид ба савдои тракторҳои хоҷагии қишлоқ дар назар аст: “Ҳамчунин ҳаракат мекунем, ки то 10 апрел як намоишгоҳи дигари Узбекистонро дар Тоҷикистон баргузор намоем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамин Шариф Саид вазифаро "сварка" кардаги бошад???
Посух додан
  • Номдор

  • 11 январ 2017 12:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
... Ба фикрам ҳамсолҳои Ӯлҷабоев мебошад, ҳамин мардак..
Посух додан
  • root

  • 12 январ 2017 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И мардак руи рост мега то мурданма местм амича и платара корхона шахси кардаги ба фикрам

Беном,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!