Бахшҳо
13 янв 2017 08:40---

Донишҷӯ барои як сомонӣ марди 52-cоларо корд задааст

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 22-сола бо иттиҳоми кордкашӣ ба сокини 52-солаи шаҳри Кӯлоб хабар додаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дастгиршуда нисфирӯзи 10 январ дар бозори “Лола”-и шаҳри Кӯлоб бо марди 52-сола муноқиша карда, “ҳангоми ҷангу ҷанҷол бо корд ба қисмати рости шиками ӯ зарба задааст. Дар натиҷа марди ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуд”.

Манбаи “Озодагон” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, ин ду нафар бар сари як сомонӣ муноқиша кардаанд. Ӯ аз ҷабрдида Миралӣ Ҳасанов ном бурда изҳор дошт, ба ҳайси “чекчин” дар таваққуфгоҳи мошинҳои “Лола”-и бозори “Саховат”-и Кӯлоб фаъолият мекард: “Ҳасанов аз ҷавон, ки бо мошинаш мусофиркашӣ мекардааст, як сомонӣ пули таваққуфгоҳро талаб менамояд, аммо ҷавон саркашӣ мекунад. Дар натиҷаи баҳс ҷавон бо корд ба ҷигари мард задааст”.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷавон донишҷӯи соли севвуми Донишкадаи технологӣ ва менеҷмент дар шаҳри Кӯлоб будааст. Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз бозори “Саховат” гуфт, ки марди 52-сола дар пайи зарбаи корд дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
Кулоби
Калимаи хамшахриро истифода бурдан хуб нест. Танхо ба минтакаи кулоб чунин калимахои бадро истифода мебаред. камтар инсоф бошад истифодааш кунед.

Э мур кудаки ахмак. Беномуси авбош боз донишчу будааст.

Озодагон, ин чанг барои як сомон нашудааст. Ман шохиди ин ходиса бдам. Дар радиои Озоди хамаш гуфтагия, чиба шумо дуруг менависен

Беном
озодагон ин донишчуи гуфтагии Шумо мохи марти соли 2016 аз Донишкадаи технология ва менечменти иноватсиони дар шахри Кулоб хоирич карда шудагияй барои чи хабари дуруг пахн мекуни

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)