Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 09:20

Даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад дар ҷои кор

11 январ 2017, 15:31

Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигори маъруфи тоҷик баъди зуҳри имрӯз, 11-уми январ дар 68-умин солгарди умраш дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” ҷон дод.

Корманди ёрии таъҷилии тиббӣ, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, дар суҳбат бо”Озодагон” гуфт, бар асоси нишонаҳои аввалия Кароматуллоҳи Аҳмад дар пайи сактаи қалбӣ даргузаштааст.

Марҳум бо вуҷуди солхӯрдагияш аз ҷумлаи фаъолтарин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки дар чанд нашрия кор мекард ва чанд соат қабл аз маргаш дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустии ҳифзи иҷтимоӣ фаъолона иштирок дошт.

Яке аз пажӯҳишҳои охири Кароматуллоҳи Аҳмад дар мавриди дарозумрҳои Тоҷикистон буд, ки хост онро чоп кунад. Ӯ гуфта буд, дар Тоҷикистон 331 нафари аз 100-сола зиндагӣ мекунанд ва дарозумртарин дар кишвар зани 126-сола мебошад. Марҳум ин ва чанд пажуҳиши дигарро барои чоп ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод карда буд.
.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованди мехрубон чояшро чаннат гардонат. Бехтарин мард, бехтарин рузноманигор буд. Бисёр калби поку химмати баланд дошт...Рисолати инсониашро ба хуби ичро намуд.
Посух додан
  • Изхоруддин

  • 11 январ 2017 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахматаш кунад ва чояш чаннат бошад, марди хуб ва мехнаткаш буд!
Посух додан
  • мухочир

  • 11 январ 2017 17:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охирин бор дар шоми эҷодии Ортиқи Қодир ва Хосияти Зарафшонӣ ҳамсӯҳбат будем. Дар толори Маҳфили "Боргоҳи сухан" консерт идома дошт ва ман бо кӯдаконам ба берун баромадам. Кароматуллоҳи Аҳмад дар долон намоз хонд ва маро низ насиҳат кард, ки дар иҷрои ибодат баҳонае надошта бошам. Худо раҳматаш кунад.
Посух додан
  • Шинос

  • 12 январ 2017 00:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷояш Ҷаннат шавад, инсони бисёр боимон ва наҷибу кордон буд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!