Бахшҳо
12 янв 2017 11:03Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ихтирои дастгоҳи нодири табобати саратон дар Тоҷикистон

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 12-уми январ аз ихтирои дастгоҳи нодир дар кишвар иттилоъ дод, ки саратонро табобат мекунад.

Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” оид ба ихтирооти олимони тоҷик изҳор дошт, ки соли 2016 якҷоя бо Академияи тиббӣ дастгоҳи креохирургӣ сохтаанд, ки тавассути он бемории ҷигар, аз ҷумла саратони ҷигар табобат карда мешавад.

Президенти Академия афзуд, ки ба воситаи ин дастгоҳ аллакай 52 нафар мубталоёни беморони саратони ҷигар табобат шудаанд. Ӯ гуфт барои омӯхтани ин дастгоҳ олимон аз Фаронса омада, онро нодир хондаанд ва зарур донистаанд, ки ин дастгоҳ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шавад.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои президенти Академияи илмҳо соли гузашта олимони тоҷик 22 патенти ихтироотро дарёфт кардаанд, ки ҳар кадомашон аҳамияти хоса доранд.

Дастгоҳе, ки Раҳимӣ онро дастоварди бузурги илми тоҷик хонд, дар пояи Институти техника ва физикаи ба номи Султон Умаров сохта шудааст.
Мӯҳр
Ин дастгохи нодир ба фикрам аз хамон банду кайчиву корчаи бобои иборат аст.Касалиро бе наркоз чаррохи мекунетон бо ин асбоби нодиратонб

часур
ахсан ба шумо устод!

Ахрор.
Муъчиза.Хеле хушхол шудам.эй кош ворисони Сино бо чунин амалхои некашон рухи пирашонро шод ва ба дарди маризон даво мешуданд.

[left][/left]

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)