Бахшҳо
12 янв 2017 11:52Тоҷикистон / Сиёсат

Душанбе аз изҳороти сафири афғону шарҳи Кобул норозист

Вазорати умури хориҷӣ изҳороти Абдулқаюми Кучай, сафири афғон дар Маскавро, ки тоҷикон асолаташонро гум кардаанду мафияи тоҷик ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон машғул аст, ғайри қобили қабул хондааст.

Ин ниҳод имрӯз, 12-уми январ бо нашри вокуниши расмӣ изҳор доштааст, ки "дар ин росто ба сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ супурда шуд, ки дар он нигаронии шадид ва тааҷуби ҷониби Тоҷикистон аз гузориши таҳқиромези Кучай нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон баён гардидааст”.

ВКХ мегӯяд ба ҷониби Афғонистон қотеона тавсия доданд, ки суханони номатлуби шахси расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамаҷониба таҳлил гарданд ва чораҳои муассир андешида шаванд: “Ҳамчунин тавзеҳоти мушаххас талаб карда шуд”.

Мақомоти тоҷик вокуниши Ҳукумати Афғонистонро, ки гӯё суханони таҳқиромези Кучай андешаи шахсии ӯ мебошад ва ба мавқеи Кобул дахл надоранд, боиси таассуф хондааст.

Кӯчай охири моҳи декабр дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад. Ӯ дар мавриди тоҷику Тоҷикистон афзудааст, ки “Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст”.

Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд.
Мӯҳр
Инженер
Мо аз изхороти сафири афгон норозием. Барои ин ношукри фуруши барки Точикистонро фавран кать карда шавад. Зеро аз кундуз то парвон наздики хафт милюн ахолии афгон барки точика истифода мекунанд. Ношукри накунед рафик сафир.

10 рузи пеш ман суханои Кучиро дида будам. У мегуяд ки ман 30 сол пеш Точикистон рафта будам... аз руи хамон хотирахои 30 соли пешаш накл мекунад... Аз суханони Кучи маълум аст ки у на акл дораду на фаросат на як чахонбини чи расад то дипламатия.
Аммо ман фикр намекунам ки ин огои Кучи дар он сатҳе бошад ки Вазоратхои мо ба у чавоб дихад. Ба у ягон кумандони пешин ё ягон раиси чамоат чавоб медод бас буд...
Мо ки на бояд барои суханони пучи Кучи муносибатамонро бо як давлати хамсоя вайрон кунем.

Солех
Ин маак аввал бояд чангхои дохили худи Афгонистонро хал кунад ва пасон хак дорад дар бораи мафияи точику рус харф занад. 40 сол боз чанг доранд байни худ ин миллат. Лекин хануз миллат нашудаанд. Як вилоят бо дигарй хеч соз намегирад. Боз точиконро рох нишон медиханд. Проблемаи афгонхоро Президенти точикон дар арсаи чахонй бардошта истодаасту боз ин дипломати чаоасавод гап мезанад. айб аст...

Ин кучук бояд аз тамоми мардуми точикистон маъзарат хохад барои ин харфхои пучу тахкиромезаш.

Хамаватан
дар боло бародар хуб кайд карданд, ки барои як нафари акидаи ботил ва тафрикаангез дошта набояд муносибатро бо дусту хамзабон ва хамсояи нек сард кард.

То шамол набошад шохи дарахт намечунбад.

Пахтунхва
Асрхо боз, муборизаи паштуну точик дар Афгонистон идома дорад. Тамоми аристократхои пашту ба забони худ гап заданро ор медонанд. Хизби паштунмиллат лидераш Гани яке аз ифротитарини онхост, ки тамоми мусибати чилсолаи Афгонистонро сабабгораш онхоянд. Дар Кундуз шахрии марзии Точикистон дар тамоми хаёташ волии точик таъин намекунанд. Тамоми вилоятхо ва улусволихои марбо зиро хам. Бубинед, Ахмадшох, Раббони, Фахим, Довуд, Сайдхейл дар хамин ду се соли охир бо роххои террори номардона кушта шуданд. Ба гуфти ин бародар ин кучук вакте сафир шуд, ки урусо бо толибхо ЗАКС карда истодаанд. Мусибати точик холо аз кафост.

Гариб
Магар ин шахсро ки сафир таин кардааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)