Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 08:32

Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттиро се тақсим мекунанд

12 январ 2017, 12:39

Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон бори дигар ба се ниҳоди мустақил ҷудо мешавад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 12 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

Оқои Раҳимӣ гуфт, ин се ниҳоди мустақил Пажуҳишгоҳи омӯзиши Осиё ва Аврупо, Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Маркази омӯзиши дастхатҳо ва мероси хаттӣ ном дошта, ояндаи наздик ба кор шурӯъ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки чанд сол пештар баъзе аз ниҳодҳои Академияи улум дар пайи як ислоҳоти сохторӣ ва идорӣ муттаҳид шуданд. Он замон Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ва пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва меросӣ хаттӣ ба як пажуҳишгоҳ табдил шуд.

Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ дар назар аст, дар ҳайати Пажуҳишгоҳи Осиё ва Аврупо марказҳои туркшиносӣ, чиншиносӣ ва амсоли ин таъсис ёбанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб мешавад
Посух додан
  • Номдор

  • 12 январ 2017 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан устоди азиз дар хакикат кор мекунад Худо нигохдорат бошад як кушиши дигар мекардед устод то кормандони чавону бе манзилро сохиби китае аз заминони дар сохтор буда хавасманд мекарден
Посух додан
  • Сайрам

  • 12 январ 2017 14:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин Чурабек Назрй аз мансаб равад гуфта онро муттахид карда буданд. Лекин инхо ягон фоида намеорад барои чумхурй. Хамин муттахидиашон хубтар. Чй ихтироъ карданд то холо?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст гуфтед Сайрамбону хар вакт ки ба собик Институти шаркшиноси ва мероси хатти меравам, донишмандони ин даргох ба чузь нардабози кори дигар надоранд. Солхои солхо олимони ин даргох ба чуз аз баргардони китобхои форси ягон тахкике, ки барои таърих ва фарханги точикон муфид бошад анчом надоданд. Зинда бод тахкикотхои форсизабонон ва адабиёти форси. Раиси мухтарам пеш аз он ки институте таъсис кунед бояд кадрхои чавони точикро аз донишгоххои кишвархои Осиёву Аврупо чамъ кунед, донишмандони хакикиро чамъ кунед, на он муфтхуронро ки гирду бари шумо чамъ шуда ваъдахои оли медиханду мехоханд курсихои мудирони шуъбаро сохиб шаванд ба забондонии онхо бовар накунед ба сифати тахкикашон назар андозед инхо унвонхоро муфт сохиб шуда имруз хам мехоханд муфт сохиби обру шаванд, ин шахсон ба чузъ худашонро таблиг кардан кори дигареро намедонанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!