Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев таъин шуд

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод шудааст.

Манобеи муътамади “Озодагон” мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасодро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин кардааст. Манбаъ афзуд, Убайдуллоев мақоми раисии Маҷлиси миллиро ҳифз кардааст.

Ҷузъиёти тағйироти кадрӣ дар шаҳрдории Душанбе

Убайдуллоев аз соли 1996 ба ин сӯ курсии раиси шаҳри Душанберо дар ихтиёр дошт. Ӯ 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев соли 1970 Донишкадаи техникии Тоҷикистон, соли 1974 Донишкадаи техникии ба номи Ленини Харков ва соли 1985 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошкандро хатм намудааст.

ШАРҲИ ҲОЛИ РАИСИ НАВИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент, ӯ соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст: “Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст”.

Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштБо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ овардааст, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст: “Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад”.

Рустами Эмомалӣ соли 2014 дар синни 27-солагӣ рутбаи генерал-майори хадамоти гумрукро гирифта, ҷавонтарин генерал ва мансабдори воломақоми Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мӯҳр
Дар соли Чавонон олитарин тухфа барои сокинони шахр ва махсусан Чавон. Офарин Пешвои муаззами миллат.........

Фаридун
Аз барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми раиси шаҳри Душанбе дар хаёти чамъияти ва сиёсии ин шахр ба зудди тагиротхои чидди ворид мегарданд, ки дар муддати 21 соли рохбарии у ба назар нарасида буд.

Номдор
Муборак Рустамчон арзандааст шахрро обод мекунад барори кор икболу обру бароят

Сорбон
Дар баъзе аз кучахои шахри Душанбе аз сахар боз барку об набуд ва паемхои зиеди фиристодаи мову хамсояхо ба раками бовариноки шахрдори бенатича анчом ёфт ва аз ин ракам мисли пешин хатто посух намеояд.

Гап сари он ки М.Убайдуллоев дар тули 20 соли ҳукумрониаш дар шаҳри Душанбе ягон пешравӣ наовард. Ҳама он заводу фабрикаҳое, ки фаъолият мекарданд аз замони Шӯравӣ ҳастанд. Ҳама он маблағу даромадҳое, ки ба бӯҷаи шаҳр медаромад метавонист, ки шаҳри Душанберо мисли Дубай созад ва афсус, ки накард….

Хай бас будагист ҳаминқадар ҳукумрони кард вале ягон натиҷаи хуб наовард. Шаҳрро қариб ки ба ноҳия табдил дод. Аҳолӣ аз нарасидану набудани газ, қувваи барқ, оби нӯшидани қариб, ки дар ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои шаҳр танқисӣ мекашиданд.

Фаридун
Тарзи кори микроавтобусхои шахри Душанбе дар паласаи 3-юм ва 4-ум истода, хамаи харакати рохро ман карда маршуткахояшонро то пур накунанд харакати рохро намекушоянд. Ин шармандаги буд, ки дар шахри Душанбе. касе нест ки ин проблемаро хал кунад агар мисли давлатхои хорича дар роххои мо камерахои назорати бошад ва инхел ронандахои коидавайронкунро ба навор гирифта чаримахои баланди давлати мекаранд вале мири шахр ба ин чиз таваччух намекард. Афсус ки ин проблемаро хал намекард харчанд мардум пайваста аз у хохиш мекарданд, ки ин проблемаро дар шахри Душанбе хал кунад.

Олимчон
2017 год молодежа Мужик сказал мужик сделал! Давно пора было Убайдуллоева отправить на пенсию!

Мирзо
Ну.... Рустам Эмомали показал себя как хорошего лидера, под уго управлением, так сказать повысилось эффективность некогда "спящей" структуры.
В Душанбе много недостатков, которых не смог решить уже бывший мэр, город погрязла в коррупции, мошенничестве и воровстве, главы администрации районов вообще обнаглели, народ мучается ведь!!!
Рустам Эмомали конечно молодой, но уже прошел достаточно чтобы возглавить управление столицей, имеет достаточный опыт, его невозможно "подкупить", именно это лично мне, в нем нравится, хочу только пожелать ему успехов, пускай он разберется с этим хаосом!

Ба нафақа фиристода шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев хело хуб мешид. Акнун чавонон кора пеш баран ояндаи миллат дар дасти чавонон аст.

Акаи Махмадсаид зик нашавед, гаштен гаштен дар марказ хонхоро мисли мехбарин туконден аз шахри кухна хичи намондаст. як кадам ба суи нагорный мемони даруни лои то зонота медрои. рахо пеши зеленный чихел буд чазир мондан. тарафи 33 чи шарманда, трубои кухнаро аз кучои оварден ба чои гуё трубои нав мондед мардум хама чиз мебина. Акнун агар Рустам Эмомали харакат кунад, Душанбе мисли Париж шавад.

Мурод
Бенихоят кори хуб шуд ки ин Убайдулоевро гирифтанд ягон бехбуди накард дар пойтахт акнун мо бовари дорем ки Рустам аз ухдаи ободкунии пойтахтамон мебарояд.

донишчу
Ураааааа, автобусои шахр ана аку соз мешан, дига ба дарс дер намекнм, ай маълим гап намешнавм

марди рох
дигар аз крайник ордов нею ов миёмадагист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)