Бахшҳо
12 янв 2017 16:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раиси ЖКХ: Нархи об дар Тоҷикистон 10% гарон мешавад

Алимурод Тағоймуродов, раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” аз болоравии нархи об дар кишвар хабар дод.

Тағоймуродов имрӯз, 12 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар назар аст, имсол арзиши як метри мукааб об барои сокинон 10 дарсад боло бурда шавад. Ӯ афзуд, арзиши аслии як метри мукааб об 2,3 сомонӣ аст, вале феълан сокинон 80-90 дирам пардохт мекунанд: “Бино бар ин дар соли 2017 нархи об боло бардошта мешавад”.

Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” ки ҳамчун “ЖКХ” маъруф аст, қаблан иттилоъ дода буд, чизе бештар аз нисфи сокинони кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Алимурод Тағоймуродов, раиси ин корхона 14 январи соли гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ дорад. Ӯ мегӯяд, барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани 43 дарсади аҳолӣ 2 миллиард доллар лозим аст: “Агар мо ҳар сол 54 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ кунем, барои пурра таъмин намудани аҳолӣ ба оби ошомидани 85 сол вақт лозим. Мо ҳамроҳ бо мутахассион ин масъаларо таҳлил карда, ба ҳукумат пешниҳод кардем”.
Мӯҳр
Хакикат
ин чи гуна кор аст находки оброхам киммат кунед магар дар хамон давлате ки бойгари дорад он бояд бо нархи арзон пешкаши ахоли карда шавад охир хуни мардума намемакету халос бо ин хама гароншавихои (свет об андоз ва дигар намуди пардохтхо ) Худованд хайратон дихад

Акнун чи хел мешуда бошад ман ду тонн турби хиндустони шинондам я турбакакаш се стил об мехурад, турбакома киммат мекунонам манам!

Хайрону саргардон
Безор карден кати хами нархбардоритон безор. маошмон барои зиндаги намераса. 200-250 сомон куваи барк мегира. 100 сомомн рохпули мекнем. охи 150 сомонш мемона ордш мехарем.

Беном
Ба фикрам вакти ба нафака рохи кардани Тагоймуродов расидааст. Илтимос Чаноби оли, як кадре таъин кунед, ки гами мардумро хурад.

54
Боз киматкуни аз ухдаи менечменти хозиразамон баромада натавонен набошад ба ягон компанияи хоричи бифурушен наход ки рохи халоси факат кимматкуни бошад.Вай 20%-и соли 2016+10%2017=30%шуд ку инсоф кунен чанобон акалан оби медодагитон тоза бошад мардум мегун ки нобуташ лекин пеши кран рафтан ба одамо метарсан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)