Бахшҳо

Раҷаби Мирзо: Убайдуллоев рафт. Акнун чӣ мешавад?

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ки солҳои охир бо Маҳмамдсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе ҳамкории зич дошт, назарашро дар мавриди кори собиқ раис ва вазъи сиёсӣ баъди рафтани ӯ баён доштааст.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, 12-уми январ дар рӯзи барканории Убайдуллоев нафарони зиёде ба ӯ занг задаанд ва суол карданд, ки акнун чӣ мешавад: “"Ҳеч чиз намешавад, агар манзуратон ин бошад, ки Убайдуллоев кадом иқдоми сиёсӣ анҷом медиҳад”.

Ба гуфтаи рӯзноманигори маъруф Убайдуллоев дар мавриди эҳтимоли нофаҳмиҳо бо Президент ҳанӯз чандин сол пеш ҷавоб дода буд: “Гуфт, дар солҳои аввали ба қудрати сиёсӣ расидан, аз як пири сиёсат дуо гирифт ва машварат, ки сабабҳои ба ҷанг печидани Тоҷикистон ҳамин шуд, ки шаҳрдори Душанбе бо президенти вақташ назарҳои мухталиф доштанд. Ман қавли мардона додаам ва онро ба ҳич ваҷҳ намешиканам!".

Раҷаби Мирзо зикр кардааст, ки ду сол қабл замони расидан ба синни нафақа маҳз Убайдуллоев гуфт, ки барои аз раисии шаҳр рафтан ариза навишт, аммо онро қабул накарданд: “Аризаи Убайдуллоев замоне буд, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон қариб ҳамарӯза "титу пит"- и пойтахтро баровардан мехостанд. Ҳама бесаранҷом буданд, ғайри Шаҳрдор, ки мегуфт бархе аз матолиби пахшшуда воқеият доранд... Дар ҳамин ҳолат ҳам ман дар чашмон ва гуфтори Убайдуллоев як чиро мехондам: Тоҷикистон "ҳамту" дигар нашудааст, курсиҳо низ доимӣ нестанд, агар гап сари курсии ман аст, ҷои гап надорад”.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳеч гоҳ шахспараст набуд: “Агар Убайдуллоевро тавсиф кардам, ӯро не, ҳарфу принсипҳоеро кардаам, ки бо ман наздикӣ дошт”. Дар идома рӯзноманигори тоҷик иқтибосҳое аз қавли Убайдуллоев овардааст, ки баёнгари принсипҳои кору зиндагияшанд:
“ Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам, ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд”...
“ Ман бо виҷдони худ ва мани худ ҳамеша дар муборизаам!”..
“Ман озодиро дӯст медорам”...
“ Худованд на ба ҳама имкон фароҳам меорад, ки бо сари баланд ба нафақа равад. Бубинед, бо Янукович чӣ иттифоқе пеш омад”...
“Яке аз рисолатҳои худамро ман дар мубориза бо миёнаравҳо мебинам. Онхо мисли паразит ба ҳама халал мерасонанд. Аз ин хотир, сомонаи “Бе миёнаравҳо” - ро фаъол намудем”...
“Барои дар Амрико зистан, бояд тафаккури амрикоӣ дошт”...
“ Чаро бо мушкилоти пойтахт танҳо шаҳрдор мубориза барад? Зеро дигарон худро ба дигарон ганда карданӣ нестанд!”...
“ Механизми назорат чист? Он чи ки гуфтӣ, иҷро кун!”..
“ Дар баъзе ҳолатҳо бояд масъалаҳоро тариқи судӣ ҳал кард, то фарҳанги қонунияту масъулияти мардум боло гирад”..
“ Рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа ягон раиси ноҳияи пойтахт дар кабинети корӣ набошад. Пеши мардум равед!”..
“ Виҷдонам азоб медиҳад, ки нисбати баъзеҳо лафзи қабеҳро истифода мебарам.Чӣ, магар бе лафзи қабеҳ имкони шаҳрдорӣ надорем?”..
“Дар замони раҳбариам теъдоди мактабҳои сохтаамон аз мактабҳои қаблан мавҷудбуда бештар аст. Ман аз ин ифтихор дорам!”..
“ Гузоштани лавҳаву ҳайкал ба одами фавтида аз нигоҳи ислом дуруст аст? Шояд беҳтар бошад ба номаш кӯчаеро гузорем?”...
“Шукронаи Худованд, ки моро ба истиқлолият расонд”...
“ Имсолро бояд соли мубориза бо дурӯғ эълон кунем!”...
“ Дар ҳама давру замон ислоҳотхоҳонро дуруст намефаҳмиданд. Аммо баъд ба қадри онҳо расидаанд”..
“ Бовар кунед, мардуми тоҷик бисёр мардуми хубу бофаҳм аст. Танҳо онҳоро ба ҳарфу мавқеи худ бояд мутмаин кунонд. Оре, мутмаин кунондани мардум кори осон нест, аммо имконпазир аст!”...

Дар ҳамин аксари сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳо аз кори Убайдуллоев тайи ҳудуди 20 соли роҳбарияш дар Душанбе тавсиф карда, барои хидматҳояш изҳори ташаккур намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 65-сола, ки аз соли 1996 ба ин сӯ раиси Душанбе буд, 12-уми январи соли 2017 бо фармони президент аз мақомаш барканор шуд: “Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Убайдуллоев Маҳмадсаид аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод карда шавад”.

Бо фармони дигар Рустами Эмомалии 29-сола, писари бузурги раисиҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи раиси Душанбе таъин шудааст. Дар маросими муаррифии раиси нав Қоҳир Расулзода ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзишманд дар солҳои тӯлонии роҳбарӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, тибқи фармони Президент барои фаъолияти босамар ба ӯ Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 тақдим кард.
Мӯҳр
Асрор
Боваркунед сад дар сад дуруг аст, зертобеонаш тамоман дигар бахо медиханд: кайсар, худхох... Ин макола просто"КУБИНСКИЙ МЕТОД" оправдание.

Мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев! Ман аз Шумо хамчун як шахрванд миннатдорам, ки барои пойдории сулх ва вахдат ва ободонии шахру мамклакат дар канори Пешвои миллат то имруз чун канноти шикастнопазире ба мардумат хидмат кардаед. Агар касе дар шонати Шумо чун иблиси даст ба пеши бар сухани баде гуяд, мо онхоро хуб мешиносем, ё вазифахоханд ва мавкеи Хукуматро танг кардани хастанд. Бовар кунед ин вазъро чун инсони одди хеле хуб дарк кардан мумкин аст. Дар симои Шумо шахси сиёсатмадори асил бо принципхои муайянро дидаам. Чун дар байни халк чун як нафари одди зиндагони мекунам, мебинам, ки дасти саховати Шумо ба хамаи мардуми камбагал то дарачаи тавоноиатон, новобаста аз он ки маъсулиятхои сахтеро ба душ доштед, расид. Ташаккур!
Ба Рустами Эмомали хам дар ин чодда муваффакият таманно дорем! Бошад, ки канноти Падар бошанд!

Тоҷик
Ҳақиқатан Убайдуллоев шахси поквиҷдон ватандуст буд ва ҳаст

Начмиддин
Пешвои миллат ин солро - Соли чавонон эълон кард?
Убайдуллоев бошад, Соли мубориза бо дуруг.
Кадомашро чашн гирем?!..

Кто бы там ни был пусть у нас в ДУшанбе будет мир спокойствие и процветание. как и былодо этого момента.

Саид, Хучанд
Идеаи Убайдуллоев бехад хуб буд, вале дар соли чавонон шахрдори ба зиммаи Рустами Эмомали гузошта шуд, ки ин хам икдоми хуби Чаноби Оли ба чавонон мебошад. Хаминро мехохам, ки яке аз хиёбонхои пойтахтамон шахри Душанбе ба номи Махмадсаид Убайдуллоев гузошта шавад.

Точики асил
Мо бовари дорем,ки баьди ба вазифаи мири шахри Душанбе таьин шудани мухтарам Рустами Эмомали , ш.Душанбе ба яке аз шахрхои бехтарин табдил меебад. Ба Рустами Эмомали барори кор ва хамаи хушихои зиндагиро таманно мекунам. Гайр аз Рустами Эмомали дар айни хол хеч кас ободу зебо карда наметавонад.Ба Убайдуллоев истирохати бепоен.

ФАРХОРИ
Мардуми нохияи Фархор, аз мухтарам Убайдуллоев Махмадсаид ифтихор доранд, ва фахр мекунанд аз чунин шахсияти бузургмард.

Офарин мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев! Мардуми одди ва вадандуст бо шумоем. Шумо шахси донишманд, сиёсатмадори поквичдон ва мардумпараст хастед. Каноти росту шикастнопазири Пешвои миллат будед то ин солхо.

Дуруст кайд кардед хуб мешуд яке аз хиёбонхои шахри Душанбе ба нами Махмадсаид Убайдуллоев гузошта мешуд.

Кори хуби Махмадсаид Убайдуллоев ба хамаи сокинон маълум аст.

Саидахмад - Вешаб
Вазифа хамин аст, чун синну соли шахс ба нафака расад ва ё ин ки ба бемории вазнин гирифтор шавад, ки кобили кабули мехнат нест хатман бояд равад. Рафтанду равему боз оянду раванд.... Ман гумо мекунам Рустами Эмомали ба мисли Махмадсаид Убайдуллоев дар кор шахси сахтгир ва ватандуст мебошад. Худо барори кори Рустамро дихад ва ба Убайдуллев тансихати орзумандам.

Пешниход дорам, маркази ВМКБ ба номи Махмадсаид Убайдуллоев гузошта шавад. Мардуми махалли ин шахр- Хоругро Хараг мегуянд. Чи номи дагалу безеб. Шахри Убайдулло- звучить хорошо! Бигзор як кас дар зиндагиаш кадршиносии мардумашро бинад.

Али фархор
Ба худо ман хайрон мешавам, наход ин миллати точик кадар чоплусу подхалиму шахспараст шудаги .Ман аз соли 1993 дар точикистон зиндаги намекунам.Вале он солхо мардуми точик ин кадар гуломтабиат набуд.. .Сартосари шахспарастию чолусиву хокшапи тавба наузубилла.

Ман умед дорам,ки Рустами Эмомоли баъзе камбудихое,ки дар ш. Душанбе халли худро наёфтаанд, онхоро дар мухлати кутох бартараф менамояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)