Бахшҳо
13 янв 2017 11:13Тоҷикистон / Сиёсат

М.Пирзода: “Телевизиони Тоҷикистон” барномаҳои таҳлилиро 60% зиёд мекунад

Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, теъдоди барномаҳои таҳлилӣ-проблемавиро дар шабакаҳои телевизионӣ афзоиш бидиҳад.

Маҳмадсаид Пирзода, раиси ин кумита имрӯз, 13 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, имсол дар шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” то 60 дарсад зиёд намудани барномаҳои таҳлилӣ дар нақша гирифта шудааст. Ӯ афзуд, дар дигар шабакаҳои телевизионӣ низ вобаста ба форматашон таҳияи барномаҳои таҳлилӣ дар назар аст.

Ҷаноби Пирзода мегӯяд, дар шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” барномаҳое назири “Тафсир”, “Мурофиа”, “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Иқтисод”, “Амал”, “АгроИқтисод”, “Бизнес Таймс”, “Истеҳсоли Тоҷикистон”, Тоҷикистон дар рақамҳо” ва “Ҷаҳони иқтисод” рӯи кор омадаанд, ки соҳаҳои мухталифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион ва радио, ҳанӯз норасоии кадрҳои болаёқат дар бархе шабакаҳои телевизионӣ вуҷуд дорад ва талош мекунанд бо ҷалби кадрҳои нав аз ҳисоби ҷавонон ин мушкилро бартараф созанд. Пирзода қайд намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радио Кумита тасмим гирифтааст, дар семоҳаи аввали соли равон барои ҷалби ҷавонон ва мутахассисони баландихтисос ба кор, аз ҷумла наттоқон, ровиҳо, коргардонҳо ва мутахассисони соҳаҳои дигар озумун баргузор намояд.

Тасмими зиёд кардани теъдоди барномаҳои таҳлилӣ дар шабакаҳои телевизион дар ҳолест, ки дар гузашта коршиносон телевизионҳои давлатиро танқид мекарданд, ки барномаҳои таҳлилӣ ва проблеммавӣ хеле кам таҳия мекунанд.
Мӯҳр
муштари
Таклид аз дигарон ва такрор бо барномахои дигар аз байн бардоред.

Худаш хам дигар намондаст шахсе ки барномахои телевизионро тамошо кунаду халоват барад телевизион ба як чои худнамои табдил ёфтааст............................................................

Хар кас бояд хакро гуяд! Соли 2016 вокеан соли хуб буд барои телевизионхои мо, алалхусус барои телевизиони Точикистон! Вокеан барномахои нав руи кор омаданд, неруи нав эхсос мешуд, набзи нав эхсос мешавад.

Тамошобин
Ман ду-се сол мешавад каналхои точикиро тамоман тамошо намекунам. Сабабаш: барномахои фачу бемаза, аксаран раксу сурудхои пастсифату безавк.
Чаноби Пиров мегуяд, барномахои тахлилиро бештар мекунад, аммо маълум аст, ки ин барномахои "тахлили" аз доираи масоили ишку мухаббат, оила ва сафсатахои дуввуму севвумдарача берун нахохад рафт. Хай

чаха
кадрхо хаст вале нотавонбини бисер хаст

Бехтарин Раиси Кумита кадри бехтарин фахр мекунем

Масалан кадом барномахо руи кор омаданд ба гайр аз суруду мусикие ки ким кадом кудаки на маънои сурудашро медонад ва худаш эхсос мекунад ки чи хонда истодааст боз ситорахои ба ном Звездаааааааа..................оё шахсе ки бори аввал дар руи сахна суруд мехонад ситора хаст ???????????????????

ВОЙ БАР ХОЛИ ОНОНЕ КИ МАЧБУРАНД ИН ТЕЛЕВИЗИОНРО ТАМОШО МЕКУНАНД!!!!

ШОХ
Чаро нивиштахо чоп намешаванд.

Хоҳиш мекунам барномаҳои таҳлилиро як тараф монда барномаҳои фароғатиро бисёртар кунед то сафи тамошобинҳоятон зиёд шавад.
Нигоҳ кунед ҳозир ҳама " камеди клаб " гуфта гирди телевизорҳояшон ҷамъ мешаванд.Куҷост барномаҳои ЧОЙХОНА - ХАНДА ХАНДА - ГӮЕМ Ё НАГӮЕМ
нест ягон барномаи фароғатие ки мардум ҳар ҳафта интизори ӯ шавад.Лутфан ба назар гиред!!!

Пирзода аз Шумо хохиш хамин телевизиони вилояти Сугда ба тартиб оред. Факат барномахои такрор барномахои давраи шурави ягон чизи сихат нест. Барандахои безеб. Як баранда дар дах барнома. Гуйё гайр аз вай дар ств касе нест факат як ду афт такрору такрор дилба зад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)