Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 21 август 2017, 02:01

Пешниҳод: Шаҳрвандии духтароне, ки бо чиниҳо издивоҷ кардаанд, бекор шавад!

13 январ 2017, 14:53

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо талаби манъи издивоҷи духтарони қазоқу чиниҳо даст ба тазоҳурот задаанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, наздики 30 тазоҳургар пешниҳод намуданд, шаҳрвандии духтарони қазоқе, ки бо чиниҳо издивоҷ кардаанд, бекор карда шавад. Ҳамчунин талаб шудааст, ки шаҳрвандони Чин вазифадор шаванд, то барои ҳар як духтари қазоқ 50 ҳазор доллари ИМА андоз супоранд.

Таҷаммуъгарон ба бинои агентие ҳамла кардаанд, ки хизматрасонии шиносоӣ бо мардҳои чиниро пешниҳод мекунад. Хабари ба Қазоқистон омадани шаҳрвандони сарватманди Чин барои издивоҷ бо духтарони маҳаллӣ дар ҷомеаи ин кишвар вокуниши шадидеро ба бор овардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ахмад

  • 14 январ 2017 21:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
қан зананд ки дар фикри наслашон ҳастанд. бояд мардуми тоҷикҳам дар фикри наслашон бошанд дар ҷомеъаи мо ҳам чиниҳо духтарони тоҷикро гирифта истодаанд бояд сари роҳи ин кор гирифта шавад.
Посух додан
  • Бахром

  • 15 январ 2017 20:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар чумхурии мо низ ин холатхо буданд. Мо низ метавонем бе тазохурот пешниходе дошта бошем оиди чораандешии ин масала. Аммо тавре бояд сурат гирад,ки яке аз сармоягузори ба рушди кишварамон ахамиятнок ва хамсояи деринаамонро хафа накунем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!