Бахшҳо

Паёми Президент аз лағви “лимит”: Ҳаққи барқро диҳед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як пахши як муроҷиатнома аз лағви “лимит” хабар дода, афзуд, ки аз 14-уми январ мардуми кишвар 24 соат бо барқ таъмин хоҳанд буд.

Раисиҷумҳур дар муроҷиатномааш аз мардум ва масъулини корхонаҳо хостааст, нерӯи барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Ӯ сарфакорӣ ва пардохти саривақтии ҳаққи нерӯи барқро нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар хонда, онро кафили фаъолияти муназзаму боэътимоди низоми энергетикӣ унвон кардааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур бардошта шудани маҳдудият имкон медиҳад, ки ташвишу ногувориҳои зиндагии ҳамватанонамон камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо шавад: “Яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад. Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард. Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд.

Ширкати “Барқи тоҷик” бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш сар аз 1-уми ноябри 2016 аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ хабар дода, маҳдудияти рӯзонаро 5-уми январ бекор карда буд.
Мӯҳр
Вадуд
Офарин чаноби оли ана мешудаст ку . Бо вазифагирии Рустамчон накуахволии халк хубтар шуд.

Мухаммад
рахмат дар хакикат падари милат хастед ки гами писаро падар мехурад рахмат як чахон ташакур башумохам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)