Бахшҳо

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Се муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки охири моҳи гузашта дар шабакаҳои федеролии Русия ҳамчун террорист муаррифӣ ва намоиш дода шуданд, изҳор медоранд, ки боздошти онҳо саҳнасозӣ буд.

Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз раҳоии ин гуруҳи муҳоҷирони тоҷик хабар дода, аз қавли онҳо афзудааст, ки ягон мақомдор аз онҳо барои туҳмат ва муаррифияшон ҳамчун террорист дар шабакаи телевизион ҳатто узр напурсидаст.

Убайдулло Ҳалимов, яке аз ин муҳоҷирон гуфт, 21 декабри соли 2016 ҳамроҳи бародар ва ҳамсояашон дар яке аз мардикорбозорҳои шаҳри Маскав интизори кор буданд, ки як марди рус омада, онҳоро ба кор даъват кард: “Гуфт 5 тонна оҳанро бояд фароред. Рӯзи 22 декабр ӯ омада, моро аз назди метрои ВДНХ гирифт, вале дар роҳ ба куҷое занг заду гуфт, ки кор нашуд. 2700 рубл ба дастамон доду мо ба хона баргаштем”.

Ба гуфтаи Ҳалимов чанд рӯз пас-26 декабр он корфармо дубора занг зада, онҳоро ба кор даъват кардааст: “Гуфт дар ҷои қаблӣ, назди метрои ВДНХ вомехӯрем. Ӯ бо як мошин, ки ронандааш дигар кас буд, омада моро гирифт. Гирд-гирди Маскав тоб дода, ба як минтақаи саноатӣ, ба як ҷои номаълум бурд”.

Ин муҳоҷири тоҷик афзуд, вақте аз мошин поин шуданд, корфармо ба онҳо гуфтааст, ки ҳамроҳ бо либосҳои кории худ ҷузвдон ва асбобу анҷоми кории ӯро низ бо худ гиранд: “Вақте ин чизҳоро гирифтем дидем, ки 30-40 метр дуртар аз мо як автобус истода, 15-20 афсари пулис бо камераҳо аз он берун шуданд. Онҳо моро дастгир карда, ба як ошхона бурданд, ки он ҷо чанд нафари дигарро низ боздошт карда буданд. Вақте сабаби боздоштро аз онҳо пурсидем, гуфтанд, ки дар утоқи дигар террористеро дастгир кардаанд ва шояд мо низ ҳамроҳи онҳо бошем”.

Ба қавли Убайдулло Ҳалимов пас аз якуним соат пулис сумкаҳои онҳоро тафтиш карда, аз ҷузвдони корфармо як китоб, симкорт, сӯзандоруҳо ва якчанд ҳуҷҷатҳоро пайдо кардаанд: “Дар дохили сумка як латтае буд, онро кушоданд, ки аз дарунаш 20 тири автомат афтод. Мо гуфтем, ки ин сумка моли мо нест, дигар мо он карфарморо надидем. Пулис ҳатто намегузоштанд, ки ба ӯ занг занем”.

Ҳалимов гуфт, баъди чанд рӯзи боздошт онҳо бо кӯмаки ҷунбиши муҳоҷирони корӣ озод шуданд ва касе барои туҳмат аз онҳо узр напурсид.

Ин дар ҳолест, ки аз ҷумла телевизиони НТВ-и Русия 28 декабр аз боздошти як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” гузориш пахш кард. Дар ин гузориш намоиш дода мешуд, ки пулиси рус аз ин муҳоҷирон силоҳу адабиёти мазҳабӣ ва ҳатто парчами сиёҳи “Давлати исломӣ”-ро кашф ва мусодира кардааст.


Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)
Мӯҳр
Тавба, Худо нишоне надихад. Аз тухмати ногахон, аз васвасаи шайтон Худоё, моро дар панохат нигох дор!
Гариби куи сахт аст, эй бародар! Гарибонро макун дору маёзор.

хич гап не боз сар додияншон хафа нашавед онхо давлати дигаранд.Дар Точикистони худамон аз ин бад кардестиян

Худо миллати точикро сарбаланд гардон ва аз фитнаву мардикори кашоки эмин дор омин омин омин

Точикистони
ВКХ акалан якбор сафири Руссия дар Точикистонро даъват намуда, пурсиш гузаронед. Ин чи гап аст? Хап кардем ин маънои онро надорад ки мо аз русхо метарсем. Дар сари Вазифаен коро ичро кунед. Ичро карда наметавонед, вазифаро холи кунед. Чавонон бисёр хастанд барои дар вазифа нишастану кор кардан, ва ба ин амали русхо чавоби сазовор гардонида метавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)