Ҳафтаи хатарнок: Ҳушдори Кумита аз қатъи алоқа, барқ ва садама...
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 17 то 25-уми январ кишварро боду ҳавои хатарнок фаро хоҳад гирифт.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод 17-уми январ дар ҳудуди Тоҷикистон резиши барфи тар дар назар буда, ҳаво якбора сард мешавад: “Хатари кандашавии хати алоқа ва интиқоли неруи барқ, расидани зарар ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хостааст, то ҳадди имкон аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва дар кӯчаю хиёбонҳо аз эҳтиёт кор бигиранд. Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостаст, ба хатҳои интиқоли барқу алоқа диққат диҳанд, зери боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистанд ва кӯдаконро эҳтиёт кунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |